Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, зода ва парвардаи даврони Истиқлолият буда, ҳамқадами айём аст. Аз ин хотир муаммоҳои мавҷударо устуворона зина ба зина бартараф намуда, баҳри иҷрои муваффақонаи рисолати худ дар ҷодаи маориф кӯшиши доимӣ ба харҷ медиҳад.
Аз ин ҷост, ки тибқи мониторинги Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин боргоҳи маърифат байни наздик 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат ба даҳгонаи беҳтарин маҳсуб дониста шуд. Воқеан, раёсат ва созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ҷиҳати бемайлон баланд бардоштани сифати таълим ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии муҳассилин тадбирҳои муассир меандешанд.
Дар шароити миқдоран афзуншавии муассисаҳои таълимӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сифати таълим ва сатҳи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба масъалаи мубрами рӯз табдил ёфтааст.
Муассисаи таълимӣ бояд, ки тавлидгоҳи муҳити нави инсонӣ ва касбӣ бошад. Муҳите, ки бо одамонаш чи аз ҷиҳати рафтору кирдор, одобу ахлоқ, муошират ва чи аз ҷиҳати кордонӣ, касбият бартарӣ дошта бошад. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид ба он мекунанд, ки давлати ободро ҷавонони бонангу номус, донишманд, ватандӯст ва мутахассисони асил бунёд месозанд.
Лекин қайд бояд кард, ки ташаккули инсон ва мутахассиси ҳақиқӣ фақат дар муассисаҳои таълимии сифати таҳсилоташон ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир имконпазир аст.
Мутмаин ҳастам, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мебошад.
Бо қаноатмандӣ метавон қайд кард, ки донишгоҳ ба марҳилае расидааст, ки баландбардории сифати таълим дар фаъолияти раёсат мақоми аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Аз ин рӯ, таклифнома гирифтан барои иштирок дар «Форуми Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот», ки Оҷонсии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон 8 декабри соли 2017 дар Донишгоҳи Нархози шаҳри Алмаато баргузор намуд, айни муддао буд.
Ҳадафи асосии форум фароҳам намудани майдони гуфтугӯ оид ба масъалаҳои таъмини сифати таълим, мусоидат ба паҳн гардидани таҷрибаи беҳтарин дар самти банақшагирии стратегӣ, лоиҳасозӣ ва мониторинги барномаҳои таълимӣ ва табодули академӣ буд.
Ин ҷониб дар форуми мазкур иштирок намуда, дар маҷлиси пленарӣ дар мавзӯи «Системаи таъмини сифати таълим дар Тоҷикистон” гузориши муфассалеро ироа намудам, ки аз ҷониби ҳозирин хуб пазироӣ гардид.
Дар кори форум зиёда аз 400 нафар парламенти Қазоқистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми ин (меҳмонон аз 11 кишвари дунё), ҳамчунин намоянагони Иттиҳоди Аврупо иштирок доштанд.
Дар ин ҳамоиш масъалаҳои марбут ба маҳакҳои стратегии таъмини сифати таҳсилот, ҷойгоҳи табодули академӣ дар баландбардории сифати таҳсилот, муносибати босалоҳият ҷиҳати инкишофи мактаби олӣ, муаммоҳои таъмини сифати таҳсилот аз диди аврупоӣ, низоми таъмини сифати таҳсилот дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавассути ин форум робитаи ДДҲБСТ бо кормандони Оҷонсии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон, аз ҷумла, бо директори он Жумагулова Алина Бакитжановна, номзади илмҳои ҳуқуқ ва мушовир, Яновская Олга Алексеевна, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, оғоз гардид ва онҳо дар мавзӯи «Роҳҳои созмони ҳамкории байни Оҷонсии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар раванди бардоштани сифати таҳсилот» гуфтугӯҳои муфид доир намуданд.
Хотиррасон кардан ҷоиз аст, ки 19-20 июни соли равон тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ конфронси байналмилалии «Робитаҳои байналмилалӣ - омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот» баргузор гардид ва намояндаи Оҷонсии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон Яновская Олга Алексеевна таклифи моро пазируфта, дар чорабинии мазкур иштирок кард. Ӯ дар маърӯзаи худ оид ба моҳият ва талаботи аккрекдитатсияи муассисаҳои таълимӣ муфассал нақл намуд.
Ҳамзамон бо ректори донишгоҳ М.Шарифзода вохӯрӣ баргузор гардид ва дар заминаи он донишгоҳ барои тайёрӣ ба аккредитатсияи чанд барномаи таълимӣ омодагӣ гирифт.
О.А. Яновская бо ҷонишини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, ки маърӯзачии конфронси мазкур буд, суҳбат намуда, аз иқдоми донишгоҳи мо оиди аккредитасияи байналмилалии барномаҳои таълимии донишгоҳ изҳори каноатмандӣ кард.
О.А. Яновская оид ба нақшаи ташкили Форуми II байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот дар шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон хабар дода, хоҳиши хешро оид ба иштироки С. Давлатзода ва ректор М.Шарифзода изҳор намуд.
16 октябри соли 2018 Оҷонсии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон дар якҷоягӣ бо Фонди аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон «Форуми II байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот»-ро дар сатҳи баланд доир намуд. Дар кори форум зиёда аз 200 нафар намояндагон аз 15 мамлакат иштирок намуданд. Дар радифи иштирокдорони ҳамоиш депутатҳои Сенат ва Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ҷонишинони вазирони маорифи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Беларус, намояндагони иттиҳодияҳои касбӣ иштирок намуданд.
Қобили қайд аст, ки баргузории Форуми байналмилалии Осиёи Марказӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳарчи бештар диққати чомеаи академӣ ва касбиро ба худ ҷалб месозад, ба омӯзиши бештари моҳияти аккредитатсия ва фаҳмиши хуби мавқеи он дар баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.
Ба форуми мазкур маърӯзаҳои муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Давлатзода, ректори ДДҲБСТ М. Шарифзода ва инҷониб пешниҳод шуда буданд, ки дар шакли китоби алоҳида ба ҳозирини ҳамоиши илмӣ манзур карда шуданд.
Ҳамчунин, камина дар ин форуми бонуфуз дар мавзӯи “Мақоми педагогикаи донишҷӯгароёна ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим” суханронӣ карданд.
Пас аз анҷоми форум аризаи расмии ДДҲБСТ ба Оҷонсии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон пешниҳод карда шуд ва нақшаи пешакии гузаронидани аккредитасияи барномаҳои таълимии донишгоҳ «Ҳуқуқшиносӣ», «Молия ва қарз», «Муносибатҳои байналхалқӣ» мавриди муҳокима карор гирифт.
Ифтихормандам, ки каминаро узви Шӯрои таҳририяи маҷаллаи илмии «Education Quality Assurance» («Таъмини сифати таҳсилот») - Оҷонсии мустақил оид ба аккредидатсия ва рейтинги Қазоқистон интихоб намуданд.
Аз имконияти созгор истифода намуда, дар Остона - пойтахти Қазоқистон боз як вохӯрӣ бо ташаббуси ҳамоҳангсози барномаҳои маърифатии Донишгоҳи миллии Осиёю Аврупо ба номи Л.Н. Гумилёв Сабина Мендагазиева ташкил карда шуд ва дар он масъалаи имзо намудани Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Осиёю Аврупо ба номи Л.Н. Гумилёв бо назардошти ташкили табодули донишҷӯён ва омӯзгорон дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бовар дорам, ки қадами нахустини Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои баргузории аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таълимии донишгоҳ устувор ва самаранок гардида, ба баланд бардоштани сифати таҳсилоти донишгоҳамон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Абдураҳим Ҷӯраев,
мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ, номзади илмҳои
фалсафа, дотсент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр