Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар — аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд. Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сохтмони 405 иншоот ба анҷом расонида хоҳад шуд.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент сохтмони коргоҳҳои саноатӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони хатҳои муҳандисӣ, чароғонкунӣ ва асфалтпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳо, сохтмони толорҳои варзишию ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгашту боғҳои фарҳангию фароғатӣ, қасрҳои фарҳангу китобхонаҳо бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Бунёди чунин иншоот имконият медиҳад, ки дар се соли охир аксарияти мушкили маҳалҳо ҳал шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд ва симои шаҳр ба куллӣ дигаргун шавад.
Дар шаҳри Панҷакент бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ омодагӣ гирифтан ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, 1300 рӯзи ободониву бунёдкорӣ эълон карда шудааст.
Аз 35 иншооти банақшагирифташуда дар соли 2018 то имрӯз зиёда аз 30-тоаш мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Шӯрноваи Ҷамоати деҳоти Саразм мактаб барои 240 хонанда, хонаи истиқоматии панҷошёнадор, дар ошёнаи якум нуқтаи хизматрасонӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, бинои гармхона дар деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан сохта ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст ва дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хоса ва таърихи беш аз панҷунимҳазорсола дорад. Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи возеҳи дар ин мавзеъ аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад.
Ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 мақоми ҳуқуқии «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ»-ро соҳиб гашт. Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати ҷаҳонии мероси фарҳангӣ ворид гардида, тибқи Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012-2020 барои амалишавии он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 64 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Маҳз бо назардошти аҳамияти таърихӣ ва мақоми хосаи Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли равон дар мулоқот бо зиёиён пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр