Нашрияи Омӯзгор

Лахш. Бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъат меёбад

Сана: 2018-12-15        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Азнавсозӣ ва бунёди муас-сисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ ривоҷ ёфта, ҳамасола садҳо муассиса бунёду барқарор шуда истодааст. Бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31 - и деҳаи Қарашӯраи Ҷамоати деҳоти Муксу аз зумраи бунёдкориҳои даврони истиқлолият мебошад. Санги асоси сохтмон баҳори соли ҷорӣ гузошта шуда, сохтмони бино дар муддати  4 моҳ анҷом ёфт. Масолеҳи бино замонавӣ буда, ҳама таҷҳизоти он истеҳсоли корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 7 синфхонаи кушоду барҳавост, ки ҳар яки он бо мизу курсӣ ва тахтаҳои синфии замонавӣ таҷҳизонда шудааст. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки ба талаботи усулҳои таълимии замони муосир ҷавобгӯст.  Аз ин пас, устодон ва хонандагон метавонанд озодона дар ду баст таҳсили  худро идома диҳанд. Агар дар ҳар як синфхона бо шумораи умумӣ 25 хонанда бо ҷойи нишаст таъмин карда шавад, дар ду баст ба ҳисоби миёна зиёда аз 300 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад, ки ин иқдоми хуб ва кори хайрест. Инчунин, мактаб дорои синфхонаи компютерӣ мебошад.

Солҳои охир дар баробари маблағҳои Буҷети давлатӣ, ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва грантҳои хориҷӣ чандин муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ шуда истодаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин бобат саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҳамчун ташаббускор ва илҳомбахши ин ободкориҳо бузург аст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш