Ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмони беш аз 180 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 36-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди чор иншооти дигар бо маром идома дорад.
Айни замон дар шаҳри Гулистон аз ҳисоби буҷети ҳукумати вилоят сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гаштааст. Боиси зикр аст, ки дар майдон, инчунин, гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳо бунёд хоҳанд шуд ва он дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Таҳияи
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр