4-5 декабр дар шаҳри Чендуи Ҷумҳурии халқии Хитой конфронси байналмилалии даъвати 13-уми Институти Конфутсий баргузор гардид, ки дар он 1500 намоянда аз 154 давлат ширкат варзиданд.
Дар конфронс аз миёни 548 институти Конфутсий 25 «Институти Конфутсийи пешсаф» интихоб карда шуд. Институти Конфутсийи назди ДМТ дар конфронс бори 3-юм бо унвони «Институти Конфутсияи пешсафи ҷаҳон» сарфароз гардид. Ёдовар мешавем, ки унвони «Институти Конфутсийи пешсафи ҷаҳон» аз ҳама туҳфаи гаронбаҳои Дафтари Марказии Институтҳои Конфутсий ба шумор меравад.
Муовини вазири маорифи ҷумҳурии халқии Хитой Тиен Шуеҷун дар маросими ҷамъбаст иштирок намуда, ҷоизаи мазкурро ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик М. Имомзода, ки Институти Конфутсийи назди ДМТ-ро намояндагӣ мекард, супорид. Унвони мазкур пас аз унвонҳои бадастовардаи «Институти Конфутсийи пешсаф» дар соли 2011 - 2012, унвони «Беҳтарин маркази имтиҳонотии имтиҳони забони чинӣ», унвони «Шахси барҷастаи Институти Конфутсий»-и омӯзгори Институти Конфутсий Ванг Хэйҷуен дар соли 2017 боз як дастоварди бузург ба ҳисоб меравад.
Дар конфронс аз Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомзода, директори Институти Конфутсий аз Тоҷикистон Ф. қосимов ва директори ин институт аз давлати Хитой хонум ҷия ҷин Фанг ширкат варзиданд.
Н. ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр