- Моҳи феврали соли 2017 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар қарордоди байнидавлатӣ доир ба самтҳои иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маориф баста шуд. Он имкон медиҳад, ки мо доир ба маориф ва илм бо ин давлат ҳамкориҳо дошта бошем, - қайд кард вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни вохӯрӣ бо Сафири навтаъйини Давлати Қатар дар Тоҷикистон Муҳаммад ибни Иброҳим ал-Абдулло.
Вохӯрӣ 10-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм бо иштироки вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва Сафири навтаъйини Давлати Қатар дар Тоҷикистон Муҳаммад ибни Иброҳим ал-Абдулло баргузор гашт. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариш додани ҳамкориҳои судманд дар риштаҳои забономӯзӣ, ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ оид ба таҳсили донишҷӯён дар зинаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва баъдидипломӣ омода аст.
Муҳаммад ибни Иб-роҳим ал-Абдулло иброз дошт, ки Сафорати Давлати Қатар барои амалӣ намудани ин пешниҳодоти Вазорати маориф ва илм тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то дар оянда ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар боз ҳам густариш ёбанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр