11-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саидмаъсум Бадахш баргузор гашт. Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо боварӣ иброз дошт, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф ва илм бо ҷумҳурии дӯсту бародар-Афғонистон беҳтар хоҳанд намуд.
Зимнан, Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саидмаъсум Бадахш пешниҳодоти худро ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳо, алалхусус, ҷудо гардидани бурсияҳо аз ҷониби Тоҷикистон дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва анҷом додани корҳои илмӣ ба самъи ҳозирин расонид. Дар охир вазири маориф ва илм Нуриддин Саид қайд кард, ки вобаста ба татбиқи пешниҳодоти мазкур тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО,
корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр