Нашриёти «Ирфон» китоби собиқадори маориф Маҳмадшариф Муродиро бо номи «Ниҳолҳои пурбори боғи маърифат» аз чоп баровард. Маҳмадшариф Муродӣ дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (солҳои 2003-2015) ба ҳайси мутахассис ва мудири бахш фаъолияти пурсамар карда, айни замон дар вазифа муҳаррири калон дар нашриёти «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ифои вазифа менамояд. Маҳмадшариф Муродӣ аз ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ шавқу меҳри беандоза дошт.
Чакидаҳои хомаи Маҳмад-шариф Муродӣ дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла, ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамвора нашр мешуданд. Тадриҷан ӯ ҷиддан ба шоирӣ пардохта, маҷмӯаҳои зиёдеро ба табъ расонд. Дар китоби нави худ «Ниҳолҳои пурбори боғи маърифат» Маҳмадшариф Муродӣ (Қаразода) фаъолияти кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифро дар пироҳани назм бозгӯйӣ мекунад. Ҳамчунин, дар китоб шеърҳои номбурда дар мавзӯъҳои соҳибистиқлолии кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, васфи манзараҳои дилангези табиати диёр ва амсоли ин ҷой дода шудааст. Шеърҳои М. Муродӣ бо забони содаю шево суруда шуда, дар онҳо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ равшан ба чашм мерасад.
Китоби «Ниҳолҳои пурбори боғи маърифат» мақолаҳои муаллифро, ки дар солҳои гуногун чоп шудаву дар онҳо масоилу мушкилоти соҳаи маориф таҳлилу баррасӣ гардиданд, низ фаро мегирад. Бояд гуфт, ки аксари ин матолиб дар саҳифаҳои нашрияи «Омӯзгор» ба табъ расидаанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
Омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр