Китоби «Таърихи математика» аз ҷониби донишмандони тоҷик Маҳмадҷон Маҳкамов ва Разиюлло Атахонов таҳия гардида, ҳамчун дастури методӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
Ин китоб ба масъалаҳои таърихии тараққиёти таҳқиқҳо оид ба ҷустуҷӯи тарзҳои муодилаҳои алгебравии дараҷаи олӣ бахшида шудааст. Дар он тарзҳои ҳалли умумии муодилаҳои дараҷаҳои сеюм, чорум ва олии донишмандони Шарқ, саҳми математикҳои Аврупо дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ ва гузариш аз қуллаҳои баланди математикаи элементарӣ ба бузургиҳои тағйирёбанда шарҳ дода шудааст.
Дар раванди таълими алгебра чи дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю гимназияҳо ва чи дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳамчун маводи таълимӣ аз таърихи математика тавсия мешавад.
Эҳсони Хушбахт,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр