«Луғати мухтасари истилоҳоти психология ва тавсифи баъзе мафҳумҳо» бо тавсияи Шӯрои илмӣ-методии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба чоп пешниҳод шуда, ҳамчун дастури таълимӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, магистратура ва ҳаводорони илми психология тавсия шудааст.
Луғати мазкур зиёда аз 800 истилоҳ ва калимаҳои соҳавиро дарбар мегирад, ки омӯзиши аксари онҳо дар барномаҳои замонавии таълимӣ ҳатмӣ мебошанд. Тавзеҳи калимаҳо дар луғатнома имкон медиҳад, ки дар шароити ҳозира талабот доир ба шарҳ додани системаи мафҳумҳои психологӣ дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ ва донишҷуёни мактабҳои олӣ қонеъ гардонида шавад.
Дар сарсухани китоб гуфта шудаааст, ки луғат аз 3 қисм иборат аст: луғати тоҷикӣ-русии истилоҳоти психологӣ, луғати тавсифии тоҷикӣ-русии истилоҳоти психологӣ ва луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти психологӣ. Чунин сохти луғат кори баъзе хонандагонро дар мутолиаи асарҳои илмию таълимӣ осонтар гардонида метавонад. Масалан, агар ҳангоми бо забони русӣ хондани китобе ягон мафҳумро бо забони тоҷикӣ шарҳ додан лозим шавад, аввал ба қисми якум муроҷиат намуда, тарҷумаи онро муайян менамояд, сипас, аз қисми дуюм истифода намуда, тафсири он мафҳумро меёбанд.
Бояд гуфт, ки «Луғати мухтасари истилоҳоти психология ва тавсифи баъзе мафҳумҳо» аввалин луғатест, ки дар соҳаи илми психология аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик таҳия шудааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр