Нашрияи Омӯзгор

Баҳои ҷомӣ ба шоирон

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтарин намояндаи  адабиёти  классикии форсу тоҷик дар асри XV буда, дар пешрафту рушди  назму наср ва илму  адаб  саҳми барҷаста гузоштааст. Вай бо девонҳои   ғазалиёту қасоид, достонҳои  «Хамса»-и безавол ва асарҳои «Баҳористон»-у «Нафаҳот-ал-унс» ва ғайра хазинаи  маънавии  фарҳангу адабиёти  тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Дар байни осори  таълифнамудаи  Абдураҳмони Ҷомӣ «Баҳористон»-и ӯ  ҷойгоҳи  махсус дошта, асрҳост, ки дар тарбияи  маънавию ахлоқии  инсоният хидмати бузургеро иҷро мекунад. Асари  мазкур аз 8 равза (боб) иборат  буда, ҳар яке аз онҳо ба масъалаҳои гуногуни  зиндагӣ  бахшида шудаанд. Дар ин радиф равзаи ҳафтуми «Баҳористон» низ ҷолиб буда, дар он оид ба маҳорату ҳунари  эҷодии  адибони  форсу тоҷик, шурӯъ аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Котибии Нишопурӣ  маълумот дода мешавад.

Шоири донишманд ва нобиға аз қисматҳои  шеър ҳарф зада, мегӯяд, ки назм аз қасидаву ғазал, маснавию қитъа ва рубоӣ иборат мебошад. Дар бораи зиндагии  шоирон ба таври  мухтасар  маълумот  дода, вижагиҳои  сабку шеваи эҷодии онҳоро  бо овардани  намунаҳо аз ашъорашон ба таври  воқеӣ  баҳогузорӣ  мекунад. Аз ҷумла, перомуни сардафтари  адабиёти классикии форсу тоҷик - Одамушшуаро  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  сухан  ронда, Ҷомӣ теъдоди  ашъори  сурудаи  ӯро аз сад дафтар, яъне ҳазору сесад байт  иборат медонад. Дар боби насиҳат қитъаеро аз Рӯдакӣ  мисол меорад: 

Замона панде озодвор дод маро,

Замонаро чу наку  бингарӣ, ҳама панд аст.

Зи рӯзи  неки касон гуфт, ғам махӯр

зинҳор,

Басо касе, ки  ба рӯзи ту орзуманд аст.

Дар бораи шоири  тавоно Абӯмансури Дақиқӣ мегӯяд:

«Аз ҷумлаи шуарои мутақаддам аст ва ибтидои  «Шоҳнома» ӯ  кардааст. Ва бист ҳазор байт камобеш гуфта  ва Фирдавсӣ онро ба итмом расонида…» Дар хусуси эҷодиёти  шоирон  Имора ва Унсурӣ бошад, Ҷомӣ  дар он  фикр аст, ки ҳар ду  сухангустару  дақиқсанҷ  будаанд. Аз ҳамин рӯст, ки бо шунидани як байте аз Имора шоир ва  сӯфии  замон  Абӯсаид  Абулхайр ба зиёрати  ӯ мешитобад. Маҳорати шоирӣ  ва бузургии  шахсияти  шоире, чун  Фирдавсиро бо овардани  як ҳикоят ситоиш менамояд. Вақте шоирони  шинохтаи  замон  Унсурӣ, Фаррухӣ ва Асҷадӣ  дар масҷиди  шаҳри Ғазнин  байтбарак мекунанд, дар ҷавоби  байти  охирин, ки Асҷадӣ баён дошт, Фирдавсӣ дарҳол ин мисраъро гуфт:

- Монанди синони  Гев дар ҷанги  Пашан.

Ҷомӣ мегӯяд: «Эшон аз он мутааҷҷиб шуданд ва аз қиссаи  Геву Пашан истифсор намуданд. Онро машруҳ бозгуфт. Баъд аз он ба маҷлиси   султон афтод ва мақбули  назари вай шуд. Ва вайро гуфт:

- Маҷлиси  моро фирдавс  сохтӣ! Ва бад-он сабаб Фирдавсӣ  тахаллус кард». Мавлоно Ҷомӣ ҳамчунин, марди донишманд ва фозил будани Носири Хисравро низ таъкид намуда, маҳорату  нубуғи ӯро дар он мебинад, ки  ин шоири  ҳаким ақидаҳои  фалсафии  Айнулқузотро бо шеър ифода кардааст. Аз Муиззӣ  ҳарф зада, ду шеъри ӯро  намуна меорад ва дар зимн, сабаби марги ӯро ба риштаи  тасвир мекашад. Мавлоно дар хусуси Ҳоқонии  Шервонӣ ва сухани баланди  ӯ ба тариқи зайл сухан меронад: «Вайро ба сабаби камоле, ки дар саноати  шеър  дошта, «Ҳассон-ул-Аҷам» лақаб кардаанд. Аз ҳама шуаро дар услуби сухан мумтоз аст ва дар он  шеваи  ғариб беандоз». Дар бораи  истеъдоди   шоирии Камол Исмоили Исфаҳонӣ Ҷомӣ  таъкид мекунад, ки вай шоири  маъниофар буда, ашъори  фаровон сурудааст.

Абдураҳмони Ҷомӣ  шеъри шоирони  машҳур Анварию Низомӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи  Шерозӣ,  Камоли Хуҷандӣ, Хисраву Ҳасани Деҳлавиро  таҳлилу  тафсир намуда, шукӯҳу ҷалоли  шоирии  онҳоро дар қобилияти  олии эҷодияшон  дидааст.

Оид ба шоҳбайтҳои  дар сатҳи  баланд сурудаи  иддае аз шоирон  сухан гуфта, Ҷомӣ байти  дӯсташ Алишери Навоиро барои намуна меорад:

Оташин лаъле, ки тоҷи хисравонро зевар

аст,

Ахгаре баҳри хаёли  хом пухтан дар сар

аст…

Наргис НИЁЗОВА,

омӯзгори мактаби №95-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш