Нашрияи Омӯзгор

Моҳият ва рисолати адабиёт

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

Ҳафиз Раҳмонов ҳамчун адабиётшинос ва муҳаққиқи донишманду пурхонда солҳои зиёдест, ки ба таҳлилу тадқиқ ва нақди осори бадеии адибони муосири тоҷик машғул аст.

Ин олими навҷӯ ва тозагуфтор дар навиштаҳои худ масоили гуногуни адабиёт ва равандҳои ҷадиду омӯзандаи асарҳои бадеиро мӯшикофона ва дар заминаи талаботи шинохти ҷаҳони илми адабиётшиносӣ мавриди баррасӣ ва пажӯҳиш қарор медиҳад. Чанд китоби ба тозагӣ нашргардидаи мавсуф маҳз ба ҳамин паҳлуҳои нақди адабӣ, ба хусус, шеъри муосир бахшида шудаанд. Дар ин радиф, китоби пурмуҳтавои адабиётшинос бо номи «Ҷанбаъҳои назариявии шинохти адабиёти бадеӣ» бо хусусиятҳои вижаи илмии худ, баёни афкори наву ноб ва таҳлилу бозтоби қавоиду таърифи адабиёти бадеӣ нақши барҷаста дорад. Китоби мазкур аз 5 боб иборат буда, дар онҳо масоили ҷойи тахайюлот дар шинохти асари бадеӣ, махсусиятҳои муносиботи методологӣ дар фаҳмишу дарки табиат ва моҳияти адабиёт, таҳқиқи жанри ҳикоя, сохтор ва марҳалаҳои ташаккули он, ормонҳои гуманистӣ ва асарҳои реалистӣ, ҳикояти реалистӣ дар адабиёти тоҷик ва вижагиҳои он, ҳамчунин, раванди кори эҷодӣ ва таъсири асари бадеӣ ба ҷомеа баррасӣ ва таҳқиқ шудаанд. Дар қисмати аввали асар, ки «Мавқеи тахайюлоти бадеӣ дар шинохти адабиёт» номгузорӣ шудааст, дар хусуси моҳият ва хусусиятҳои мафҳуми «адабиёти бадеӣ» сухан ронда, тафовути онро аз дигар намудҳои санъат бо андешаҳои ҷолиб баён месозад. Ҳафиз Раҳмонов зимни овардани иқтибосҳо аз гуфтаҳои адибону файласуфони ҷаҳонӣ, амсоли М.Горкий, Стендал, Лев Толстой, Х.Грили, Чарлз Диккенс, В.Г.Белинский, Аристотел, Н.Г.Чернишевский ва назариётчиёни илми адабиётшиносии муосир ба натиҷае мерасад, ки дар қиёс бо навъҳои саноеи рассомӣ, меъморӣ, мусиқӣ ва монанди ин, адабиёти бадеӣ хусусияти таъсирбахши интеллектуалӣ дорад, на эҳсосӣ. Дар воқеъ, адабиёт (кулли осори баландпояи бадеӣ) дар ҳама давру замонҳо сарнавишти мураккабу пур аз тазоди инсонҳоро ба риштаи тасвир мекашид. Ба таври дигар гӯем, адабиёти бадеӣ ҳаёти мардумро (ба маънои васеъ) таҷассум менамояд. Ҳ.Раҳмонов таъкид мекунад, ки арзиши баланди иҷтимоии асари бадеӣ ва барои халқ хидмат намудани онро дар тӯли асрҳо тамоми бузургони  машҳуру номвари илму адаби ҷаҳонӣ зикр намудаанд. Аз ҷумла, Арасту инъикоси воқеияти зиндагиро дар адабиёти бадеӣ ба истилоҳи «мимесис» ифода карда, онро тафаккури образнок меномад. Ҳамзамон, файласуфи донишвар қайд мекунад, ки асари бадеӣ тавассути тоза намудани рӯҳи қаҳрамон аз ҳама гуна бадию каҷравиҳо инсонҳоро тарбия ва комил месозад, ки онро  - «катарсис» меноманд. Ҳафиз Раҳмонов дар ин хусус андешаҳои адабиётшиносони русро низ пайгирӣ мекунад. Таври мисол, П.А.Николаев дар он ақида аст, ки адабиёти бадеӣ ин инъикоси эҷодкоронаю образноки ҳаёт мебошад, на тасвири натуралистии он. Ҷиҳати назарраси тадқиқоти Ҳ.Раҳмонов дар усули муқоиса зоҳир мегардад, яъне, ӯ як – як суханон ё таърифи мафҳуми «адабиёти бадеӣ»-ро, ки дигар олимон тафсир кардаанд, меорад ва дар заминаи баҳогузории эшон хулосабарории илмӣ анҷом медиҳад. Адабиётшинос В.И. Тюпа қонуниятҳои бадеии адабиётро аз рӯи 5 принсип арзишдоварӣ мекунад, Д.С. Лихачев, В.Э. Хализев, М.В. Овсянников, Г. Гадамер ва дигарон ҷаҳони бадеии воқеоти образноки зиндагиро, ки дар осори адибон бозтоби худро меёбанд, дар ину он доира (маҳдуда)-и тасвироти нависанда мебинанд. Дар ин масъала Ҳафиз Раҳмонов баробар бо афкори адабиётшиносону назариётчиёни адабӣ, андешаи намояндагони адабиёти классики форсу тоҷик, Шамс Қайси Розӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Ал - Форобиро ба сифати далели раднопазир дар баҳогузорӣ ба шинохти адабиёт иқтибос меорад. Ибни Сино бар он андеша буд, ки ҳақиқати бадеӣ аз ҷониби шоир ё нависанда бо ду роҳ тасвир карда мешавад. Тасвири реалӣ (воқеӣ)-и зиндагӣ ва таҷассуми дурӯғини рӯйдодҳои ҳаёт. Муҳаққиқ дар ин масъала афкори адабиётшиноси шинохтаи муосир Абдунабӣ Сатторзодаро меорад, ки вай гуфтаҳои Ибни Синоро таҳлилу баррасӣ менамояд. Дар маҷмӯъ, аз иқтибосоту хулосабарориҳои Ҳафиз Раҳмонов маълум мегардад, ки кулли олимону адабиётшиносон ва ноқидони сухан, чи дар замонҳои гузашта ва чи муосир дар таърифи адабиёти бадеӣ бо ҳам дар як нуқта бархӯрд мекунанд. Мазмун, адабиёти бадеӣ зиндагиро айнан нусхабардорӣ намекунад, балки он рӯйдодҳои онро ба таври образнок муҷассам месозад. Боби дуюми асар «Махсусиятҳои муносибати методологии шинохт (дарк)-и моҳият ва табиати адабиёт» унвонгузорӣ шудааст. Вазифаю рисолати назарияи адабиёт ҳамчун илми алоҳида дар тадқиқи ҳамаҷонибаи осори бадеӣ аз ҷиҳати бармало сохтани табиати асар, вижагиҳои бадеии он, хусусиёти жанрию сабку шеваи нигориш, услуби таълиф ва ғайра, инчунин мақсади таърихи адабиёт – нишон додани рушду таҳаввули падидаҳои адабӣ, раванди ташаккули таърихии ин равандҳои адабӣ маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки доираи мулоҳизаронию натиҷагирии илмии Ҳафиз Раҳмонов дар ин қисмат доманадору ба тафсил буда, муҳаққиқ чун дар боби аввал ақидаҳои олимони қарнҳои гузашта Аристотел, Афлотун, Симонид Кеосский, Сенека, Лессинг, Бомарше, Сорел, Дидро, Батте, Буало ва дигар фозилону назариётчиёни адабиётро меорад. Донишмандони номбурда фарқияту тафовути адабиёти бадеиро аз дигар намудҳои санъат баён намуда, ҳамзамон, умумияту муштаракоти онро бо мисолҳои воқеӣ тавзеҳ медиҳанд. Аз тадқиқи Ҳафиз Раҳмонов марҳалаҳои инкишоф ва рушди тадриҷии ғоявию бадеии адабиёт аз давраи Юнони қадим, Рим, мамолики Аврупо (Англия, Франсия, Италия…) то ба асрҳои баъдӣ таҳлил ва бозтоби илмии худро меёбанд. Аз ҷумла, гуфтаи Симонид Кеосский ҷолиб аст, ки ӯ иртиботи амиқи санъати рассомиро бо шеър (умуман назм) ҳатмӣ мешуморад. Демокрит бошад, дар ин масъала алоқамандии мусиқӣ ва меъмориро бо адабиёти бадеӣ дар мадди назари аввал мегузорад. Ҳамин тавр, Дионисий Галикарнакский таваҷҷуҳ ба зебоию  маърифатро барои адиб муҳим мешуморад. Сенека бошад, дарку фаҳмиши қоидаву қонуниятҳои сарфу наҳв, ҳусни калом, фасоҳату балоғати суханро афзалтар медонад барои эҷодкор. Дар ин қазия, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмонов андешаҳои олимон – адабиётшиносонро (аз қабили В. Ванслов, Н.Берковский, А. Потебня, А.Веселовский, Г. Тард, О.Фрайденберг, Ф. Брюнетер, В. Волкенштеён, Г. Поспелов, Г. Абрамович… ва дигаронро) дар хусуси масоили назарияи адабиёт – ҷинсу жанрҳои адабӣ, забон ва услуби асари бадеӣ, образ, қаҳрамони асар ва монанди ин ба риштаи таҳлил кашида, зикр мекунад, ки барҷастаю ҳунармандона эҷод гардидани асари бадеӣ (чӣ тавре, ки таҷрибаи эҷодии адибон шаҳодат медиҳанд), аз ҷониби адиб марҳала ба марҳала сурат мегирад. Муҳаққиқ Ҳ.Раҳмонов ин гуфтаи худро бо мисолҳои зиёде  (аз ҷумла, асарҳои Балзак – «Мазҳакаи инсонӣ», романи М.Горкий - «Зиндагии Клим Самгин», роман – достони А.Пушкин, осори Н.Гогол…) тақвият бахшида, иброз медорад, ки таъсири маънавии адабиёт ва зиндагии инсонҳо, ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳангу тамаддун хеле бузург аст. Дар ин боб, бо неруи таъсирбахши худ адабиёт, чунонки сотсиологҳо муайян намудаанд, танҳо аз театр қафо мемонаду халос. Дар боби зикршуда адабиётшинос Ҳ.Раҳмонов мавзӯи баҳси деринро, ки таҳқиқу омӯзиши аҳвол ва осори адиб дар муайяну мушаххас намудани ғояву консепсияи бадеию фалсафии эҷодиёти ӯ нақши мондагору муассир дорад, бо диду фаҳмиши худ аз нигоҳи илмӣ баррасӣ менамояд.

Дар ду боби дигари асар Ҳафиз Раҳмонов ба методологияи ҷусторҳои илмию назариявии вижаи худ содиқ монда, моҳияти рушди жанри ҳикояро дар адабиёти тоҷик ва раванди эҷодиро дар таъсири адабиёти бадеӣ ба афкори ҷомеа баррасӣ менамояд.

Умуман, китоби «Ҷанбаъҳои назариявии дарку шинохти адабиёти бадеӣ» - и донишманд ва муҳаққиқи заҳматкаш Ҳафиз Раҳмонов дар илми адабиётшиносии тоҷик қадами ҷиддӣ буда, ҷиҳати омӯзиши паҳлуҳои гуногуни осори бадеӣ ва равандҳои нави адабӣ хидмати арзандае анҷом хоҳад дод.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»              

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш