Гузаштагони мо мегуфтанд, ки кӯдакро аз хоб якбора бедор кардан мумкин нест. Ин корро хеле меҳрубонона ба ҷо овардан лозим аст, зеро кӯдак дар хобаш ба дуриҳои дур меравад ва бозгашти ӯ бояд оҳиста – оҳиста ва боэҳтиёт сурат бигирад, вагарна рӯҳи ӯ беқарор мегардад ва барои баргаштан ба тан тамоми рӯз чӣ кор карданашро намедонад. Фаъолияти волидон дар маълумотгирии фарзандонашон онҳоро ба ҳам наздик мекунад. Кӯдак ба тарбияи волидон муҳтоҷ мебошад.
Волидайне, ки қисми зиёди вақти худро дар тарбияи кӯдаконашон сарф мекунанд, имконияти муқоисаи айёми кӯдакиро бо камолот ба даст меоранд. Иштироки волидон дар мактаб ҷараёни ҳаёти мактабиро ба тартиб оварда, зиёдтар аз он, ин гуна тартиботро дар хона низ ҷорӣ месозанд. Сохтори таълим дар синфҳои поёнӣ метавонад бо кумаки падару модар мисли тозаву озода намудан, таъмири синфхонаҳои дарсӣ, ташкили бозиҳои варзишӣ ё расонидани хизмат ба омӯзгорон таҳким ва пеш равад.
Ниҳоят, ширкати падар ё модар дар таълимгоҳ ба онҳо имконияти баҳои дуруст доданро ба кори таълимӣ ва ба баҳои хубу аъло сазовор шудани фарзандашон, инчунин, ба кори таълимӣ фароҳам меорад. Бисёр вақт мешунавем, ки падару модарон байни ҳам масъалаи мушкилиҳои фарзандонашонро муҳокима намуда, дар боби роҳу усулҳои ҳалли он бо дастгирии омӯзгор ва рӯҳшинос аксар вақт дар маҷлисҳои синфӣ ба якдигар маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Аммо масъалаҳое ҳастанд, ки онҳоро сарфи назар набояд кард, зеро ҳалли он диққати махсусро талаб менамояд. Чунончи, падар ё модар метавонад аз омадан ба мактаб ба сабаби дар кор банд буданаш даст кашад. Ин ҳол бештар дар оилаҳое рӯй медиҳад, ки падару модари хонанда аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекунанд. Омӯзгорон дар ин вазъият нисбат ба чунин падару модарон дар боби ин ё он талаботи мактаб боварии комил надоранд. Ин гуна падару модаронро ваъдахилоф меноманд. Ҳастанд волидоне, ки муттаҳид гашта, баҳри таълиму тарбияи фарзандонашон кӯшиш мекунанд. Иштироки чунин падару модарон ва бобову бибиҳо дар мактаб кӯдакро рӯҳбаланд ва худбоварии хонандаро қавӣ мегардонад.
Хизмати муаллим, пеш аз ҳама, ба он муайян мегардад, ки вай дар кадом поя дарс медиҳад, дарси ӯро хонандагон фаро гирифтаанд ё не, дарси вай ба дониши хонандагон дониши нав зам кард ё не. Яъне, дар рафти дарс савол, дониш, маърифат ва муҳаббати ӯ санҷида мешавад. Муаллиме, ки фаннашро дӯст намедорад, барои хонанда чунин рафти дарс дилгиркунанда аст, ӯ дарсгурез мешавад ва мехоҳад дарси омӯзгор ҳар чӣ зудтар тамом шавад. Муаллим дар мактаб симои асосист, ӯст, ки бачаҳоро ҳарфшиносу худшинос месозад.
Умеда
УБАЙДУЛЛОЕВА,
омӯзгор, ноҳияи
Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр