Нашрияи Омӯзгор

Гиромидошти шоир ва омӯзгор

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Гадо Умари Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба хотири гиромидошти поси хотири, омӯзгор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Назармаҳмад Ашӯров маҳфили хотирмоне баргузор гардид. Дар маҳфил омӯзгорону аъзои маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия, ҳамкорон, дӯстон ва шогирдони устоди зиндаёд иштирок доштанд.

Маҳфили ёдбудро бо сухани муқадимавӣ директори мактаб Маҳмадсодиқ Ашӯров ифтитоҳ бахшид. Сипас, фарзандону пайвандон, ҳамкорон ва устодону шогирдон, аз ҷумла Сафаров Сафар, Саидаҳрор Мухторзода, Абдураҳмон Шарифзода, Табарукшоҳ Ашӯров, Одина Мирзоев, Маҳаднабӣ Шомуродов, Маҳбуба Боқиева, Ашӯрмаҳмад Ашӯров ва чанде дигарон хотираҳои худро дар бораи Назармаҳмад Ашӯров иброз доштанд. Хонандагони мактаб аз китоби шодравон «Кӯҳи орзу» порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

 

Одина Бароти Мирзо,

мушовири МТИ,  ноҳияи Мастчоҳ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш