Нашрияи Омӯзгор

Оила зинаи аввали тарбия аст

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ҳаёти аҳли ҷумҳурӣ марҳилаи тозаеро оғоз бахшид. Дар заминаи он масъулияти волидон ва ҳамкории онҳо бо мактаб вусъат ёфт.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам оилаҳое ҳастанд, ки дар  таълиму тарбияи фарзандон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. На  ҳамаи волидон  барои тарбияи шоистаи фарзандон дар назди ҷамъият ва  қонунгузории давлат масъул будани худро  ҳис мекунанд.

Маълум, ки дар таълиму тарбияи насли наврас  ҳамкорию робитаи волидон бо мактаб нақши  асосӣ мебозад. Мактаб ва оила ду қувваи тавонои тарбия ба ҳисоб мераванд. Замони муосир  аз ҳар  як  падару  модар  тақозо  менамояд,  ки  дар  таълиму  тарбияи  фарзанди  худ  бетарафӣ  зоҳир  нанамоянд, чунки   бетарафӣ   дар тарбияи  фарзандон ба  раванди  инкишофи  минбаъдаи  онҳо   дар  ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Танҳо оилаи солим метавонад ба ҷавонон хислатҳои ҳамидаро омӯзад. Ба ибораи дигар, наврасонамон муҳимтарин сифатҳои инсониро маҳз аз волидон меомӯзанд. Оилаи солим боиси осудагиву  пешравии ҷомеа мегардад.   Ҳамин аст, ки волидон дар тарбияи фарзанд масъулияти бештар доранд.  Тибқи таълимоти пешқадами педагогӣ, тарбияи  томактабӣ  омилҳои  зиёде  дорад, ки муҳимтарини  онҳо  таълим  аст.  Таълим  бар  пояи  чӣ  устувор  мегардад?  Албатта,  фарҳанги  баланд  ва ахлоқи  писандидаи    хонаводагӣ.   Кӯдакон  аз  хурдсолӣ  муҳаббати гарми волидонро  дарк  ва  ба  онҳо  тақлид     менамоянд. Аз ин рӯ, падару  модар  бояд  дар  рафтору  гуфтор ва  қавлу  амал бояд намуна барои фарзандон  бошанд. 

Кӯдакро аз аввал ба роҳи дуруст тарбия намудан нисбат ба азнавтарбиякунӣ хеле мувофиқу осонтар аст. Ҳар  падару  модар мехоҳад, ки фарзандонашон   далеру нотарс ба камол расида, равони  онҳо аз  халал  орӣ ва  ҷисму  ҷонашон  бидуни  иллат бошад. Барои  ин шароити  хуберо  фароҳам  меоранд.  Хуб, дар  қадами  аввал  чӣ  муҳим шумурда  мешавад, ки  он  ба ояндаи  кӯдакон  таъсиргузор  аст? Албатта, муҳити  солим. Тарбияи шоиста ҳамон  вақт  муяссар мегардад, ки агар он дар худ сифатҳои ҳамида, дӯстдорӣ, муҳаббати  самимӣ нисбат ба кӯдаконро дошта бошанд. Мутаассифона, баъзе волидон то он вақте ки фарзандонашон гуноҳе содир накунанд, ба онҳо аҳамият намедиҳанд. Аз хоҳишу майлу рағбати онҳо, қариб ки пурсон намешаванд, ба дарс тайёркунии фарзандон кардани дарс дар хона назорат намебаранд. 

Нуктаи дигар. Албатта, зиндагӣ бе камбудӣ намешавад, вале баъзе падару модарон бо ҳамдигар дар назди фарзандонашон ҷанҷолу хархаша карда, суханҳои ноҷо  мегӯянд. Фарзандон, ки ниҳоят ҳассосу кунҷкованд, ин рафтори волидони худро дида, фикр мекунанд, ки зиндагӣ ҳамин тавр аст. Ба ин тариқ аввалин суханҳои ноҷойро онҳо маҳз аз волидони худ, сипас  аз атрофиён мешунаванд. Онҳо рафтору адабро аз шахсони калонсол чун идеал қабул мекунанд ва ҳамон тавр рафтор кардан мехоҳанд. Оё волидон фикр намекунанд, ки оянда аз ин гуна фарзанд чиро метавон умедвор шуд? Агар оила муҳити хуби тарбият дошта бошад, фарзандон ботарбия ба воя мерасанд. Ё мисоли дигар. Имрӯзҳо дар кӯчаю пасткӯчаҳо кӯдакон гурӯҳ – гурӯҳ бозӣ мекунанд. Ҳангоми бозӣ онҳо аксаран ба ҳамдигар дашном медиҳанд. Кӣ гунаҳкор? Албатта, волидон ва муҳити гирду атроф. Дар ҷое, ки бо дашном сухан меронанд, шахсони солхӯрда низ ҳастанд, аммо бетарафӣ зоҳир менамоянд.   Ва ё ҳамарӯза  шоҳид мегардем, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ хонандагону донишҷӯён се – чор нафар шуда, бо суханҳои баланд ва баъзан қабеҳ гап  зада, атрофиёнро ноором мекунанд. Кам ва ниҳоят кам мебинем, ки нафаре онҳоро насиҳат намояд...

Мавзӯи мазкур боз паҳлуҳои зиёди дигарро доро мебошад. Ҳадафи асосӣ он аст, ки волидони гиромӣ дар тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд, бахусус, дар шароити имрӯза, ки дар тамоми ҷаҳон дигаргуниҳои пайдарпай босуръат идома доранд.  

Дар интиҳо,  чун омӯзгор аз таҷрибаи зиндагӣ ба наврасону насли ҷавон гуфтаниам, ки айёми ҷавонӣ  ба мисли оби дарё зудгузар асту бебозгашт. Пас, онро бояд ғанимат донанду хуб гузаронанд.  Барои бунёди ҷомеаи солим ҷавонони солеҳро ба воя расонида, дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарварӣ тарбия намуда, донишу маърифати ҳуқуқии онҳоро баланд бардоштан шарту зарур аст. Бузургони сухан борҳо таъкид кардаанд, ки донишу хирад зевари ботини инсон аст. Ҷавоне, ки илму дониши фаровон дорад, бо хулқу гуфтори накуяш ҷойгузини дидагони мардум мегардад.

Фаромӯш накунем, ки яке аз вазифаҳои муқаддас  ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеа аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ    нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад. 

 

Раҳматулло  Ҷорӯбов,

устоди кафедраи фанҳои

 гуманитарии коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш