Солҳои соҳибистиқлолӣ дар мустаҳкам шудани пояҳои фарҳанги миллӣ, баланд гаштани ҳисси ифтихори ватандорию худшиносии сокинони мамлакат нақши муҳим гузошт.
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гашт. Ҳамагон медонанд, ки мактаб макони фазлу ҳунар аст. Мо, омӯзгорон ҳам саъй кардем, ки дар ин соли таърихӣ барои дубора эҳё гардондани ҳунарҳои аз байн рафтаи мардум, либосҳои миллӣ ва хӯроку ғизоҳои тоҷикӣ ҳиссаи худро гузорем. Нақшаи чорабиниҳои дар сатҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда фаъолияти моро самараноктар кард.
Таърихи миллат – оинаи рӯзгори гузаштагон аст. Ҳар як касбу пешае, ки аз файзи он зиндагонии мардум обод гаштааст, реша дар таърих, дар дирӯзи миллат дорад. Ана, ҳамин ҳақиқатро ба шогирдон фаҳмондан ва дар дили онҳо нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ меҳру муҳаббатро ҷой кардан вазифаи асосии омӯзгорон ва падару модарон аст. Ғайр аз аз ин, шогирдони мактаби имрӯз бояд дарк кунанд, ки шахси ҳунарманд дар ҳама ҷо рӯзгори обод дорад.
Хуб мешуд, ки вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои панҷ соли оянда чорабинии умумиҷумҳуриявӣ дар байни мактаббачагон бо номи “Мо бо ҳунар Ватан месозем” гузаронида шавад.
Тараққиёти босуръати техника ва илм моро водор мекунад, ки пеш аз ҳама ба ҳунаромӯзии шогирдонамон эътибор диҳем. Дар ҷаҳони имрӯза ҳамон миллат пешрафтаву муваффақ мегардад, ки комёбиҳои илми муосирро дар ҳамбастагӣ бо дирӯз тарғиб кунад.
Хуршеда СОЛЕҲОВА,
омӯзгори таърихи гимназияи инноватсионии Донишкадаи
технологии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр