Нашрияи Омӯзгор

Бозиҳои таълимӣ дар дарс

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Бозиҳои таълимӣ хонандаро рӯҳбаланд намуда, азхудкунии  мавзӯъҳои  таълимиро осон менамоянд. Бозӣ ба аҳли синф ва ё гурӯҳи хонандагон гузаронида мешавад. Аслан бозиро дар синф омӯзгор оғоз мекунад.

Ӯ калимаро номбар мекунад, хонандагон ҳаммаънои онро мегӯянд. Омӯзгор “табиб” гӯяд, хонандагон “духтур” мегӯянд. Дар ин бозӣ ҳамон хонанда дастболо мешавад, ки бештар калима мегӯяд. Мисол: салом – дуруд, доҳӣ – пешво, ватан – меҳан, ситора – ахтар ва ғайра. Ҳамчунин, аз ҷониби омӯзгор калимаҳо номбар мешаванду хонандагон муқобилмаънои онро мегӯянд.

Ба туфайли ин бозӣ дар ниҳоди хонанда зиракӣ, ҳушёрӣ ва ҳозирҷавобӣ барин хислатҳо инкишоф меёбад. Хонанда минбаъд кӯшиш мекунад, ба ҳама чиз бештар диққат диҳад ва дар баробари ин, хусусиятҳои ашёро дар хотир нигоҳ дорад .

Мо, омӯзгорон, бояд ба кӯдакон имконияти озод андешиданро бидиҳем, бо ғояҳои пешниҳодкардаи онҳо розӣ шавем ё онҳоро инкор кунем. Агар ба кӯдакон тафаккури  танқидиро омӯзонем, онҳо дар синфҳои болоӣ бо дониши мукаммал муваффақиятҳои калонеро ба даст меоранд ва аз душвориҳое, ки садди роҳи онҳо мегардад, намеҳаросанд. Онҳо ба шакл ва тақлид ба фикру  андешаҳои дигарон зиндагӣ намекунанд.

Аксар вақт падару модарони хонандагон мегӯянд, ки фарзанди ман мафҳумҳои “суръат”, “масофа”ва “вақт”-ро дуруст сарфаҳм намеравад. Бо ин мақсад, ман афсонаи  “Каллапӯши сурхчатоб “ – ро истифода бурдам, ки асари дӯстдоштаи кӯдакон ба шумор меравад. Ҳарчанд марҳилаи даъват ба мо осон ба даст меомад . Суръати гург ниҳоят тез аст. Масофаи духтарча бошад, то масофаи гург се маротиба кам аст, вале модаркалонаш бошад, дар дурӣ зиндагӣ мекунад.

Чӣ қадар вақт ба гург ва ё барои каллапӯши сурхчатоб барои расидан ба хонаи модаркалонаш лозим аст. Ман боварӣ доштам, ки кӯдак чандин паҳлуи сужет-ро пайдо кардан мехоҳад. Барои он ки кӯдак маводро азхуд кунад, вай бояд ба мавод “наздик” бошад. Бозиро тавре бояд интихоб кард, ки хонандагон ҳангоми  иҷрои он душворӣ накашанд, онро бомуваффақият иҷро намоянд ва аз натиҷаи корашон рӯҳбаланд шаванд.

Ҳамин тариқ, бозиҳои таълимӣ дарсро шавқовар намуда, дараҷаи дониш ва ақлу заковати хонандагонро сайқал медиҳанд ва дар тарбияи фикрию ахлоқии онҳо амалӣ мерасонанд.

 

Роза

Нодиршоева,

омӯзгори

мактаби №8,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш