Нашрияи Омӯзгор

Таълими маънои луғавии калимаҳо

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар радифи китобҳои дарсие, ки солҳои охир барои мактабиён таълиф гардидаанд, китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 5 (муаллифон Ш. Бобомуродов, С. Сабзаев ва С. Набизода) бо муҳтавои худ ҷойгоҳи махсус дорад. Китоби мазкур бо забони содаю фаҳмо навишта шуда, таърифу қоидаҳои мафҳумҳои сарфию наҳвӣ дар он дақиқу равшан шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Барои иҷрои машқҳо матнҳое интихоб шудаанд, ки ба синну соли хонандагон мувофиқанд. Дар иҷрои супоришҳои матнӣ аслан ҳеҷ душворие дида намешавад. Таври мисол, ман ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ҳангоми гузаштани мавзӯи «Маънои луғавӣ ва грамматикии калима» ба ягон мушкилие дучор нашудам. Сараввал таърифи калимаро аз китоб ба хонандагон фаҳмонида, баъдан бо мисолҳо шарҳ медиҳам.

Калима воҳиди асосии забон аст. Бо ёрии калимаҳо мо ҷумла месозем ва фикри худ-ро ифода мекунем. Калимаҳо ду ҷиҳати ба ҳам алоқаманд: ҷиҳати овозӣ ва ҷиҳати маъноӣ доранд. Пас, калима чист?

Маҷмӯи овозҳое, ки маъноеро ифода мекунанд, калима номида мешавад. Масалан, калимаи «паранда» аз овозҳои «п-а-р-а-н-д-а» таркиб ёфтааст ва мавҷуди зиндаест, ки хусусияти парвоз кардан дорад. Калимаҳоро аз ҷиҳати ифодаи маъно ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:

1.         Калимаҳое, ки маънои луғавӣ доранд, ва ба савол ҷавоб мешаванд: об, замин, некӣ, муаллим, зебо, дур, ман, мо, рафтан, гуфтан…

2.         Калимаҳое, ки маънои мустақил надоранд ва ба савол ҷавоб намешаанд: аз, ба, барои, ки, вале, зеро, чунки…

Ин гурӯҳи кали-маҳоро ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ меноманд. Ба хонандагон мефаҳмонам, ки калимаҳо ба маънои аслӣ ва маҷозӣ низ меоянд. Ба маънои воқеӣ истифода шудани калима маънои аслӣ ном дорад: хонаи калон, китоби хуб, чормағзи пир ва ғайра.

 

Руқия Мирзоева,

омӯзгори мактаби

№88-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш