Нашрияи Омӯзгор

Қасидасарои беҳамто

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

Анварии Абевардӣ аз шоирони бузургест, ки бо гуфтани қасида ин жанри адабиро шаклану мазмунан хеле мукаммал намудааст. Беҳуда нест, ки Саъдии Шерозӣ ба маҳорати қасидасароии Анварӣ ишора намуда, мегӯяд:

Дар шеър се тан паямбаронанд,

Ҳарчанд ки «ло набию баъдӣ».

Авсофу қасидаю ғазалро

Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Девони Анварии Абевардӣ дар радифи ғазалу қитъаву рубоӣ аз 250 қасида иборат аст. Шоир ба навиштани қасида аз қавли адабиётшиноси маъруф Аълохон Афсаҳзод, беш аз сӣ сол машғул шуда будааст. Дар тамоми мавзӯъҳо қасида навишта, Анварӣ қасидаи мадҳиро, ки ба ситоиши шоҳон бахшида шудааст, зиёдтар сурудааст. Дар байни ин қасидаҳо қасидаи «Ашкҳои Хуросон» ҷойгоҳи бузург дошта, он аз 73 байт таркиб ёфтааст. Қасидаи мазкур дар он айёме, ки қабилаи ғоратгари ғузҳо ба муқобили Султон Санҷар  ошӯб бардошта буданд, эҷод гардидааст. Султон Санҷар дар мубориза алорағми ғузҳо шикаст хӯрда, ба дасти онҳо асир меафтад. Ба ин сабаб, аз Анварӣ хоҳиш мекунанд, ки баҳри кумак расондан ба сипоҳи Султон Санҷар ба ҳокими Самарқанд, писархонди Санҷар – Рукниддин Қилич Тамғочхон номае бинависад. Ва ба ҳамин сабаб қасидаи «Ашкҳои Хуросон» таълиф мегардад.

Қасидаи «Ашкҳои Хуросон» дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун як қасидаи додхоҳӣ аз ҷабру зулми аҷнабиён бо эҳсоси баланди ватандӯстона таълиф гардидааст. Омӯзиши он дар синфи 8 дар робита бо фанни таърих зарур буда, паҳлуҳои норӯшани ин марҳалаи таърихӣ дар осори Бобоҷон Ғафуров  - «Тоҷикон» ба таври дақиқ инъикос ёфтааст.

 

Саломат Ғуломова,

омӯзгори мактаби №76,

ноҳияи Фирдавсӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш