Дар дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб дар синфҳои поёнӣ омӯзгорро зарур аст, ки бештар ба гузаронидани корҳои эҷодии хонандагон, аз қабили иншои хурд (эссе), лавҳа, ҳикоя ва амсоли ин диққати ҳамаҷониба зоҳир намояд. Ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳо аз фанни забони модарӣ ба хонандагон номгӯйи якчанд мавзӯъро пешниҳод кардан лозим аст. Мавзӯъҳо бояд озод бошанд. Таври мисол, хонанда метавонад дар мавзӯи «Табиати диёри мо» лавҳа ё эссе бинависад. Вазифаи омӯзгор ин аст, ки ба шогирдон тавзеҳ бидиҳад, то дар ин бора на ба таври умумӣ, балки мушаххас ва дақиқ фикру андеша ва мушоҳидаҳои воқеии худро рӯйи сафҳа оранд. Яъне ӯ бояд он чиро нависад, ки мебинаду мушоҳида мекунад. Аз ҷумла, дар деҳаи онҳо чӣ манзараҳои табиӣ ба чашм мерасанд? Манзараи талу теппа, кӯҳу адирҳо дар кадом фасли сол дилангезу зебоянд? Дар умум, хонанда метавонад ҳолати табии муҳити атрофро дар чаҳор фасли сол тасвир намояд ё тавассути нақл баён кунад. Албатта, дар деҳот бисёр чизҳоро дидан мумкин аст: чашмаҳои зулоли сероб, гандумзорҳо, наҳру каналҳо, дарахтони кӯчаку бузурги сояафкану мевадиҳанда, роҳу пайроҳаҳое, ки ба адирҳо мебаранд. Одатан дар ду тарафи роҳҳои байни заминҳои кишт дарахтони тут шинонда шудаанд.
Тутҳое, ки дар оғози мавсими кирмакпарварӣ баргҳои онҳо истифода карда мешавад. Беду сафедор, чормағзу зардолу, олуболую хурмо, анҷиру шафтолу, анору себ ва монанди ин дар ҳавлию заминҳои кишт мерӯянду самар медиҳанд. Токзорон низ нигоҳубини зиёдеро талаб мекунанд. Умуман, табиат модари ғамхор аст ва тамоми сарвату дороии худро ба ихтиёри инсон гузоштааст. Танҳо меҳнат бояд карду ҳосили дилҳоҳ ба даст овард ва ба ин васила, кишвари офтобрӯяамон Тоҷикистонро ободу зебо намуд. Маҳорату малакаи хонанда дар тасвири лаҳзаҳо аз ҳаёти одамон низ маълум мешавад.
Бону ВАЛИЕВА,
омӯзгори мактаби №93,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр