Нашрияи Омӯзгор

SmallBasic-барнома барои системаҳои амалиётии Windows

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Имрӯзҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо технологияи иттилоотӣ ва омӯзиши барномарезӣ шавқу рағбати беандоза доранд ва онҳо мехоҳанд дар оянда ҳамчун барноманавис шуҳрат пайдо кунанд. Ширкати машҳури Microsoft барои ҳаводорон ва барноманависони навомӯз забони барноманависии SmallBasic-ро пешниҳод намудааст, ки он сода буда, муҳити кории матнию графикӣ дорад. Барнома барои кор дар системаҳои амалиётии Windows таҳия шудааст. Дар SmallBasic ба сифати забони барномарезӣ забони барномарезии Basic истифода мешавад. Ҳамчунин, кор бо тағйирёбандаҳо назар ба ЗБ Pascal (Паскал) ва C (Си) бо MS Visual Basic монандии бисёр дорад. Аз ин рӯ, имкон дорад, ки  дар оянда бе ягон муаммо ба зинаи дуюм, яъне, ба MS Visual Basic гузарем.

Барнома аз 20 командаю операторҳои калидӣ иборат буда, аз якчанд тугмачаи таҳрири матн ва бакордарории барнома иборат аст. Инчунин, бартарии барнома дар он аст, ки дар вақти интихоби оператор барнома ба таври автоматӣ маслиҳат (подсказка) дода, амалиёти баъдиро дар тарафи рости равзана барои оператор шарҳу эзоҳ медиҳад.

Мо метавонем барномаи мазкурро аз сомонаи Microsoft бо суроғаи http://msdn.microsoft.com/ru-ru/beginner/default.aspx дастрас намоем.

Хулоса, хонандагони синфҳои 5-9-и муассисаҳои таълимӣ, ки ба барноманависӣ шавқу рағбат доранд, метавонанд қадамҳои аввалини худро дар ин ҷода гузоранд.

Саидқосим Саидов,

омӯзгори мактаби №35-и ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш