Дар китоби «Физика»-и синфи 9 мавзӯи «Фотоэлементҳо» ҷой дода шудааст. Ҳангоми баёни мавзӯи мазкур омӯзгор бояд онро дар ҳамбастагӣ бо мавзӯъҳои пештар тавзеҳ намояд. Дар фотоэлементҳо энергияи рӯшноӣ ба энергияи электрикӣ табдил меёбад ва онҳо ҷараёни электрикиро идора мекунанд. Фотоэлементҳои замонавӣ бо фотоэффекти берунӣ аз баллони шишагие иборат мебошад, ки қисми сатҳи дарунии он ғайр аз сатҳи хурдакаке, ки чун «равзана» барои дохил гардидани рӯшноӣ хизмат менамояд, бо қабати тунуки металли кори баровардаш хурд пӯшонида шудааст ва он вазифаи катодро иҷро менамояд. Ба сифати анод ҳалқаи металлии дар маркази баллони шишагӣ ҷойдодашуда хизмат мекунад. Одатан дар дохили баллон вакуум ҳосил мекунанд ва онро баъзан бо гази инертии аргон ё неон пур менамоянд. Дар фотоэлементҳои газ пуркардашуда дар натиҷаи ионизатсияи зарбагии атомҳои гази инертӣ электронҳои иловагӣ ҳосил мешавад ва онҳо афзоиши фотоҷараёнро таъмин мекунанд. Фотоэлементҳои ҳозира рӯшноии намоён ва ҳатто нурҳои инфрасурхро ҳис менамоянд. Аноди фотоэлементро ба қутби мусбати манбаи ҷараён васл мекунанд.
Ҳангоми ба катоди фотоэлемент афтидани рӯшноӣ дар занҷир реле ба кор медарояд. Фотоэлементҳо дар якҷоягӣ бо релеҳо роли автоматҳои гуногуни «бинанда»-ро мебозанд.
Аз ин гуна автоматҳо дар метроҳо барои бастану кушодани роҳи даромад истифода мебаранд.
Ҳангоми фотоэффекти дохилӣ дар таҳти таъсири рӯшноӣ электронҳо аз атоми модда канда мешаванд ва онҳо дар дохили модда монда истода, электргузаронии онро зиёд мегардонад. Фотоэлементҳои нимноқилие сохта шудаанд, ки энергияи рӯшноиро бевосита ба энергияи ҷараёни электрикӣ табдил медиҳанд ва онҳо чун манбаи ҷараён хизмат карда метавонад. Хусусияти асосии кори батареяҳои офтобӣ, ки дар ҳамаи киштиҳои кайҳонӣ ҷойгир карда мешаванд, ба истифодаи фотоэлементҳои нимноқилӣ асос карда шудааст.
Ҳамин тариқ, соҳаи татбиқи фотоэлементҳо хеле гуногун мебошад. Фотоэлементҳо дар техника-киноҳои овоздор, интиқоли тасвир бо ноқилҳо (фототелеграф), телевизор, автоматика, телемеханика ва ғайраҳо истифода мешаванд. Аз онҳо дар фотометрия барои чен кардани равшанӣ истифода мебаранд. Бо ёрии фотоэлементҳо сафедии матоъҳо ва коғазҳо, тозагии коркарди сатҳҳо, дараҷаи шафофии газҳо ё моеъҳо, ҳарорат дар печҳои металлургӣ назорат карда мешаванд.
Илҳом ЁРОВ,
омӯзгори физикаи мактаби №48-и ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр