Дар ҷаласаи навбатии шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ хатари истифода аз маводи тарфгарӣ («хлопушка») дар кӯчаю бозор мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Абдулвоҳид Амонбеков изҳор дошт, зимни санҷиш ошкор шуд, ки ин ҳолат дар саҳну ҳавлӣ ва гирду атрофи таълимгоҳҳо ба мушоҳида намерасад. Дар бозори шаҳр маводи тарфгарӣ ошкор ва мусодира карда шуд.
Масъалаи мазкур дар мадди аввал аз тарафи падару модарон ва устодону омӯзгорон бояд таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад. Беҳтар мебуд, маблағи «хлопушка» барои ашёи хониши фарзандон сарф карда шавад, - қайд намуд Абдулвоҳид Амонбеков.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр