Масъалаҳои педагогӣ дар ҳамосаи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба шакли хоси асари паҳлавонӣ баён шудаанд. Онҳо хеле кӯтоҳ ва умумӣ ба миён гузошта мешаванд. Аз ҳамин мухтасар низ назари Фирдавсӣ ба тарбияти кӯдак маълум мешавад. Фирдавсӣ хулқу тинат ва тарбияи шахсро як воситаи такмили шахсияти одамӣ донад ҳам, асоси пешравиро ба нажод ва авлоди ӯ вобаста мекунад. Аз ҷумла, Фирдавсӣ Кайковусро подшоҳи худбин мегӯяд ва қайд менамояд, ки ӯ монанди гузаштагонаш нест. Сифати бади Ковус ин аст, ки ба панди дигарон гӯш намедиҳад ва худро чандин бор ба дами бало мегузорад. Фирдавсӣ инсонро ба дарахт монанд мекунад ва мегӯяд, ки дарахти баруманд аз газанди рӯзгор сар ба поён меорад ва ҷояшро ба шохи навоин медиҳад:
Дарахти баруманд чун шуд
баланд,
Гар ояд зи гардун бар ӯ бар
газанд,
Шавад барг пажмурдаву бех
суст,
Сараш сӯи пастӣ гирояд
нахуст…
Падар чун ба фарзанд монад
ҷаҳон
Кунад ошкоро бар ӯ бар ниҳон.
Гар ӯ барканад номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш
писар,
Киро гум шавад роҳи омӯзгор,
Сазад гар ҷафо бинад аз рӯзгор.
Аз ин суханон маълум мешавад, ки Фирдавсӣ падарро, ҳам аз ҷиҳати зоту авлод ва ҳам аз ҷиҳати шахсияти тарбиятгар ва омӯзгор, асоси одоб ва ташаккули шахсияти ҷавон медонад. Дар қисми подшоҳии Фаридун ду масъалаи озмудани писарони Фаридунро мушоҳида мекунем. Салм, Тур ва Эраҷро ба Яман ба назди шоҳи он ҷо - Сарв фиристод. Шоҳ Сарв барои озмудани писарони Фаридун шаб, дар вақти хобашон ба афсун боду борон ва сардӣ ба вуҷуд овард, аммо онҳо ба афсун гирифтор нашуданд. Фирдавсӣ бо ин мисол ба хонанда мегӯяд, ки агар писарро тарбияти нек карда бошӣ ва таълим ёфта бошад, ба доми ҳар гуна афсуну фиреб намеафтад. Баъди ҳамон озмун шоҳ Сарв се духтарашро ба се писари шоҳ Фаридун медиҳад. Тарбият ва донишандӯзӣ ва камолоти шахс бояд ӯро аз содагию фиреб хӯрдан барорад, чунки таълиму тарбия ва асли дурусти нажодӣ асоси камолот мебошанд.
Андешаҳои педагогии Абул-қосим Фирдавсӣ дар мавриди тарбия ва таълими кӯдак аз ҳама бештар ва пурратар дар фасли «Супурдани Яздигурд писараш Баҳромро ба Манзар ва ба Нуъмон ва парвариш кардан ӯро» баён шудаанд. Чунонки дар вақти таҳлили ин боб мебинем, фикрҳои Фирдавсӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба таълимоти педагогии Ибни Сино мувофиқат доранд.
Саодат Қараева,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №7, ноҳияи
Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр