Нашрияи Омӯзгор

«Ахлоқи  Носирӣ» - асари ҳикматбор

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан, маъруф ба Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (1200-1273) сиёсатмадор, шоир ва яке аз олимони маъруфи қарни дувоздаҳуми  форсу тоҷик буда, доир ба илмҳои гуногун, аз қабили нуҷум, риёзиёт, тиб, фалсафа, мантиқ, адабиёт, сиёсат, ахлоқ ва ғайра беш аз 200 асари хурду бузург таълиф намудааст. Дар миёни ин осори гаронбаҳо китоби «Ахлоқи Носирӣ»-и вай, ки ба номи ҳокими Каҳистон Носируддин Абдулраҳим таълиф гардидааст, мақому манзалат ва шуҳрати хос дорад. «Ахлоқи Носирӣ» ҷомеътарин асар дар риштаи ҳикмати амалӣ буда, муаллиф дар он дар баробари дигар масоили муҳим ақидаҳои худро доир ба таълиму тарбия баён намудааст. Ин асар дар соли 1235 бо истифода аз осори донишмандони бузурге, чун Абӯнасри Форобӣ, Абӯалии Мискавейҳ ва Абӯалӣ Ибни Сино дар муқаддима ва се мақола (боб) ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Қисми аввали «Ахлоқи Носирӣ» дорои ҳафт фасл ва қисми дуввуми он дорои даҳ фасл мебошад.

Ақидаҳои Насируддини Тӯсӣ доир ба омӯзишу парвариш бештар дар боби дувуми китоб зикр шудаанд. Вай ба тарбияи ахлоқӣ аҳамияти зиёд дода, онро асоси омӯзишу парвариш медонад. Вай дар тарбияи ахлоқӣ ба муҳити парвариши кӯдак аҳамияти бузург медиҳад.

Дувумин назари ӯ ин аст, ки амали тарбия дар кӯдакӣ осон аст. Вай кӯдакро шабеҳ ба шохаи тару нозуки дарахт карда, ки рост кардани он ба осонӣ даст медиҳад.

Манзур аз таълиму тарбия, ба ақидаи Хоҷа Насируддин, дарки саодат аст. Барои расидан ба ин манзур кӯдакро чунон тарбият бояд кард, ки «фазоилро дӯст бидорад ва аз разоил дурӣ ҷӯяд ва дар баробари  лаззат ва шаҳват забти нафс кунад».

Аз назари Насируддини Тӯсӣ макони аввалияи тарбия хона, сипас мактаб аст. Муаллим бояд оқил, ширинсухан, бовиқор ва бомурувват бошад. Дар навбати худ донишомӯз бояд ҳурмати муаллимро нигоҳ дорад.

Насируддини Тӯсӣ мақому мартабаи муаллимро бартар аз мартабаи падар медонад. Зеро муаллим зиндагӣ, ҳаёти маънавӣ ва фарогирро муҳайё месозад ва падар заминаи ҳаёти моддии кӯдакро фароҳам меоварад.

Аз назари Хоҷа Насируддини Тӯсӣ барномаи таҳсил бояд шомили маводи зайл бошад:  омӯзиши            асосҳои дин, таърих, беҳдошт, ҳифз намудани ашъор, ахлоқ, одоб, илму санъат, варзиш.  Дар ин барнома вай ба омӯхтани ҳунар аҳамияти зиёд медиҳад. Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Насируддини Тӯсӣ қарор дорад, тарбиятпазирӣ, минҷумла, тарбиятпазирии кӯдакон мебошад. Вай бар ин бовар аст, ки тарбиятпазирии кӯдакон ва навҷавонон нисбат ба ҷавонон ва миёнсолон бештар аст.

Насируддини Тӯсӣ марҳилаи таълиму тарбияро ба панҷ давраи зерин тақсим кардааст: ширхорагӣ,             адабомӯзӣ, омӯзиши ахлоқ, омӯзишҳои такмилӣ ва машғул шудан ба кор. Марҳилаи ширхорагӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак то дусолагии ӯро фаро мегирад. Дар ин давра вазифаи падару модар ин аст, ки барои фарзанди худ номи нек ва зебо интихоб кунанд. Зеро агар номи номуносиб бар ӯ ниҳанд, дар тӯли умр аз ин ном ранҷур ва озурдахотир боқӣ мемонад. Ҳамчунин, дар сурати интихоби доя барои кӯдак волидайн шахсеро ба ҳайси доя интихоб намоянд, ки дорои ахлоқи шоиста ва соҳибистеъдод бошад. Агар доя шахси бадгуҳар ва бефаҳму фаросат бошад, ин сифатҳо аз тариқи шир бар кӯдак асари бад мегузоранд. Пас аз поён рафтани давраи ширхорагӣ бояд тарбияи кӯдак оғоз ёбад.

Бибимукаррама УМАРОВА,

ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш