Китоб махзани маърифат буда, рушдбахши ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз рӯ ба мутолиа овардани наврасону ҷавонон яке аз масъалаҳои умдаю асосӣ ба ҳисоб меравад.
Ба гумони мо, зинаи аввали китобхон намудани наврасону ҷавонон кӯдакистон ва мактаб аст. Дар кӯдакистон нақл намудани ҳар гуна афсонаю ҳикоятҳои ҷолибу ибратбахш ва ба синну соли кӯдак мувофиқ зуд меҳру муҳаббати тарбиятгирандаро ба китобхонӣ бедор мекунад. Бояд муҳити оила низ фарҳангӣ бошад ва падару модар ҳамеша талқин намоянд, ки китоб инсонро тарбия ва хушбахт мегардонад. Сипас, бо ба мактаб қадам ниҳодани кӯдак, омӯзгор ҳамеша дар дарсҳо аҳамияти китоб ва мутолиаро бояд ёдрас намояд. Барои ин, бояд худи омӯзгор пурхонда бошаду ҷаҳонбинӣ ва дониш фарох дошта бошад. Зеро дар як гурӯҳ агар 20 - 25 нафар хонанда бошад, бояд ба ҳар яки онҳо алоҳида суҳбат намуд. Ҳамин тариқ, зина ба зина меҳри китоб дар замири хонанда пайдо мегардад.
Хушбахтона, имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон силисилаасарҳои бадеӣ ба нашр расидаву ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардидаанд. Фаъолияти китобхонаҳои мактаб низ ба китобхон гардидани хонандагон мусоидат мекунад. Масалан, агар китоберо ба хонандагон барои мутолиа пешниҳод намуда, дар машғулиятҳои беруназсинфиву тарбиявӣ онро таҳлил намоем, ин омил ҳам хонандагонро ба фикр кардан водор мекунад ва ҳам ба таҳлил намудани асар.
Имрӯз тамоми шароит барои дастрас намудани китоб ва мутолиа дар муассисаҳои таълимӣ муҳайё карда шудааст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз бузургтарин муассисаҳои фарҳангии минтақа мебошад, бо шароити хуб ва хизматрасонии беҳтарин дар ихтиёри хонандагону донишҷӯён қарор дорад. Фақат як вазифа дар назди омӯзгорон қарор дорад, ин ҳам бошад, бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши пайваста ва мутолиаи бардавоми асарҳои тарбиявию бадеӣ мебошад.
Нуктаи аз ҳама муҳим ва ибратбахш ин аст, ки китоб ба густариши худшиносиву худоогоҳии насли наврас мусоидат мекунад. Насли ҷавон он гоҳ худшинос мегардад, ки сермутолиа ва ҳамеша аз пайи омӯзиш қарор дошта бошад, зерои заминагузори ҳамаи хислатҳои неки инсонӣ асарҳои бадеӣ мебошанд..
Хадича
Султонова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр