Нашрияи Омӯзгор

Захираи тамомнашавандаи табиат

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Табиат бо олами зинда ва ғайризиндаи худ, ки дар ҳамбастагӣ мувозинати ягонагии пайдоиш, гуногунӣ ва худнигаҳдориву худбарқароркуниро ба вуҷуд меорад, дар пояи чор мабдаи асосии он: об, хок, ҳаво ва оташ қарор дорад.

Олами зиндаи табиат аз ин мабдаҳои асосии он манша гирифта, чор гурӯҳи зиндаи он; рустаниҳо, ҳайвонот (одам низ), бактерияҳо ва занбурӯғҳоро, ки зиёда аз се миллион намуд доранд, аз 4 унсури кимиёвӣ-ҳидроген, оксиген, карбон ва нитроген, ки моддаҳои асосии пайдоиши ҳаёт мебошанд, ба вуҷуд овардааст.

Об дар таркиби ҳама мавҷудоти зинда ва табиати ғайризинда вуҷуд дорад, ҳатто сангу оҳану устухон ҳам об доранд. Вуҷуди инсон ва дигар мавҷудоти зинда аз 70 то 80-85% об дорад. Ҷараёнҳои биохимиявӣ дар хуҷайраи инсон ва мавҷудоти зинда, тақсимшавии ҳуҷайра ва ҳолатҳои худбарқароркуниву худнигаҳдории организмҳои зинда бе иштироки об ба амал омада наметавонанд.

Дар сайёраи Замин 71%-ро дар масоҳати 361,2 миллион км2  об ташкил додааст ва дар табиат об дар се ҳолат; моеъ, газ ва кристалл вохӯрда, ҳамаи намудҳои он дар уқёнусҳо, баҳрҳо кӯлу дарёҳо, обҳои зеризаминӣ ва атмосферӣ дар гардишанд.

Об захираи тамомнашаванда буда, 98%-и обҳо шӯр ва танҳо 2,0%-и он ширину ошомиданианд, ки айни замон он ҳам зери таъсири антропогенӣ тамоюл ба камшавӣ дорад ва мутаассифона, бо камшавии он,  зиёда аз як миллиард одамони сайёра  азият мекашанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2000 кӯлу обанбор, 947 дарёи хурду бузург ва бештар аз 14000 пирях мавҷуд аст.

Ба ҷаҳони имрӯза, аҳли башар се хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Ин хатарҳо вазъи номатлуби экологии сайёра, ҷангҳои сарду яроқнок дар минтақаҳои мухталифи кураи замин ва торафт афзудани амалҳои террористӣ, экстремизми динӣ, тавсеа гирифтани фурӯши маводи мухаддир ва амсоли инҳо мебошад.

Ин равандҳо ба худ шакли глобалӣ гирифта, бо мураккабшавии муносибатҳои байни давлатҳо, бахусус, давлатҳои абарқудрат бо мақсади аз нав тақсимкунии  ҷаҳон домани таъсири худро торафт густурдатар карда истодааст.

Дар доираи равандҳои ҷаҳонишавӣ давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ҳар сол ба атмосфера, обу хоки  сайёра миллиардҳо тонна партовҳои истеҳсолию маиширо мепартоянд, ки билохира ҳамаи онҳо ба таркиби обҳо дохил шуда, онро зарарнок ва корношоям мегардонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар хусуси ҳифзу самаранок истифода бурдани манбаъҳои об ташаббускор аст ва ҷидду ҷаҳди беандоза дорад, балки дар истеҳсоли энергияи безарар низ саҳми бузург гузошта истодааст ва 98% энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, ҳатто корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар корхонаҳои саноатӣ низ бе партов сохта шуда истодаанд.

Воқеан ҳам, «Об сарвати бебаҳои миллат аст» ва фаъолияти созандаи Пешвои миллат дар ин бора беҳамтост. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва манбаи бойи обҳои ширин аст. Аксари кӯлҳои Тоҷикистон, ба монанди Сарез, Яшилкӯл, Зоркӯл, Искандаркӯл ва ғайраҳо ширин буда, дар байни онҳо кӯли Сарез бузургу аст. 

 

Искандар Исроилзод,

омӯзгори коллеҷи ҳунарҳои

мардумии шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш