Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи зиндагӣ

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

“Бояд ҳама дарк намояд, ки қимати об аз қимати нафту газ, ангишт ва дигар  намудҳои сӯзишворӣ ва манъбаҳои  энергетикӣ камтар нест.” Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияту аҳамияти обро ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи зиндагӣ равшан мекунанд. Силсилаи иқдомҳои Пешвои миллат, ки аз солҳои 2000-ум ибтидо гирифтанду ба масоили об ва истифодаи оқилонаи он иртибот доштаанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯю эътибори Ватани азизи моро афзудаанд.

Бидуни об олами ҳайвоноту наботот низ маҳкум ба завол аст. Об ҳаёт ва таъмингари зиндагист. Донишмандону муҳаққиқон кишвареро сарватманд донистаанд, ки дар он об ва захираҳои он фаровон бошанд. Тоҷикистони азизи моро, ки хушбахтона, обҳои фаровон дорад ва захираҳои обиаш ғанианд, метавон дар шумори саодатмандтарин мамлакатҳои дунё ба забон овард. Дар истифодаю сарфакорӣ ва покиза нигоҳ доштани ин сарвати бебаҳо ҳамаи мо бояд саҳмгузор бошем. Махсусан, аҳли таълиму тарбия аз ин ҷиҳат масъулияти бештар бар дӯш доранд. Бояд ба ҳар васила насли наврасро дар рӯҳияи эҳтиром ба сарватҳои табии ҷумҳурӣ, алалхусус, об тарбия кард.

Об аз муҳимтарин омили фаъолияти организми инсон аст. Талабот барои ҳар нафар гуногун аст. Меъёри сарфи об дар як шабонарӯз (тахминан) барои нӯшидан аз 2,5 то 4 литр ва барои анҷоми дигар корҳо (шустушӯи либос, бадан, зарфҳо ва ғайра) аз 30 то 230 литрро ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо нисбат ба солҳои пешин сарфи об дар як шабонарӯз ба ҳар сокини кишвар ба ҳисоби миёна 4 баробар афзудааст. Талабот барои оби ошомиданӣ хеле зиёд аст. Ин мушкилот ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Инсон бо об зинда аст, зеро об манбаи ҳаёт дар кураи замин ва сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ба  ҳисоб меравад.

Ҷ. ҶӮРАЕВ,

омӯзгори мактаби №41,

шаҳри Кӯлоб

 

Масъулини саҳифапайванд Абдурауф Муродӣ,

Насриддин Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш