Об барои фаъолияти мунтазами организм бағоят муҳим аст. Абӯалӣ ибни Сино дар ҷилди панҷуми асари машҳури худ - «Ал-Қонун» обро ҳамчун офаранда, вайронкунанда ва ҳалкунандаи ҳамаи дигар ҷисмҳо ҳисобидааст.
Об ҳалкунандаи хуб аст. Дар таркиби оби уқёнус намакҳои минералӣ мавҷуданд, ки қариб 60 элементи химиявӣ доранд. Махсусан, барои ҳаёти растанию ҳайвонот ҳаминаш муҳим аст, ки дар об оксиген ва гази карбонати ҳаво ҳал мешаванд. Об дар табиат дар се ҳолат вомехӯрад. Ҷобир ибни Ҳайён низ ҳамин се ҳолати агрегатии об, яъне моеъ, сахт (ях) ва буғро нишон дода, хусусиятҳои онро низ шарҳ додааст.
Об дар табиат ва ҳаёти тамоми мавҷудоти зинда, аз ҷумла, одамон, набототу ҳайвонот аҳамияти калон дорад.
Абӯалӣ ибни Сино зикр мекунад, ки агар дар обҳои маъданӣ миқдори муайяни тилло ва нуқра ҳал шуда бошад, чунин обҳо ба бадан таъсири хуб мерасонанд. Об нисбат ба хушкӣ зиёдтар гармиро дар худ нигоҳ медорад. Гармиғунҷоиши хеле хуби он ҳарорати уқёнусу баҳрҳоро муътадил мегардонад. Уқёнус ба атмосфера намнокӣ дода, боришоти материкро истифода мебарад. Тағйироти шадиди ҳароратро зимистон ва тобистон хеле суст мекунад. Гармигузаронии об назар ба гармигузаронии ҳаво 20 маротиба зиёд аст. Абӯалӣ ибни Сино дар бораи тайёр кардани доруҳо аз оби муқаттар (софкардашуда), яъне оби бо усули буғронӣ тоза кардашуда, ки хосияти хуби ҳалкунандагӣ дорад, маълумот дода буд.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» пеш аз ҳама, ин ҳадафҳоро дарбар мегирад:
- Истифодаи оқилона ва боинсофонаи обҳои минтақа, таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа; омилҳои иқтисодӣ, яъне обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзону безарар табдил додан, рушди устувор ва мудирияти захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳитизистӣ, роҳандозӣ ва пешбарии барномаю лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва ширкат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд.
Мушкилтарин ва муҳимтарин масъалаи ҳаёти башар барои имрӯзу оянда об аст. Дар 80 давлати дунё оби аз ҷиҳати экологӣ тоза мавҷуд нест, ки боиси сар задани бемориҳои гуногуни сироятӣ гаштааст. Ба 1,2 миллиард сокини кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, давлатҳои қитъаи Африқо (Судон, Эфиопия, қисмати биёбонии Либия, Ангола, Намибия, Чад, Алҷазоир) хушксолӣ таҳдид мекунад.
Аҳмадҷон БОБОЕВ,
сармутахассиси бахши
Хадамоти давлатии
назорат дар соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр