Ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкили ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада мебошад. Бо дарназардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудаанд, дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардид. Маркази мазкур тасмим гирифтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои обӣ, инчунин, харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро низ омода намояд. Дар факултаҳои географияи донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд. Бо вуҷуди тадбирҳои гуногуне, ки аз минбарҳои баланд дастгирӣ ёфтанд, ҳоло ҳам масъалаҳои мухталифи вобаста ба об ҳалли худро наёфтаанд, ҳамзамон, аз имконоти истифодаи «неруи сабз» ҳамаҷониба истифода бурда нашудааст.
Сабабҳои норасоии об дар кишварҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, ҷойгиршавии нобаробари захираҳои табиӣ, аз ҷумла, об мебошанд. Дар баъзе кишварҳо об фаровон, вале дар кишварҳои дигар норасоии об ба проблемаи муҳимми рӯз табдил ёфтааст. Чунин ҳолат дар дохили кишварҳо ҳам ба чашм мерасад. Масалан, бо вуҷуди он ки дар кишвари мо захираҳои зиёди обӣ мавҷуданд, то ҳол дар бисёр мавзеъҳо ба оби тозаи нӯшокӣ эҳтиёҷ доранд ва манбаъҳои дохилӣ имконият намедиҳанд, ки дар муддати кӯтоҳтарин камбудиҳо бартараф карда шаванд. Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ бисёр лоиҳаҳо бо ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки дар таъмини мардум бо оби мусаффо мусоидат мекунанд.
Манучеҳр РАСУЛОВ,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр