Нашрияи Омӯзгор

Сухан санҷида бояд гуфт

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Ба ҳамагон рӯшан аст, ки ҳар яки мо бо захираи  муайяни луғавӣ, ки аз кӯдакӣ аз волидайн омӯхтем, ба остонаи мактаб қадам мегузорем.

Омӯзиши мураттаб ва мутассили забон аз нахустин дарси муаллим сар мешавад ва мо аз «Алифбо» шурӯъ намуда, тадриҷан ба олами пурасрору пурэъҷози сухан ворид мешавем.

Дар хониш ба дастовардҳои хуб ноил шудан, пеш аз ҳама, ба худи шахс вобаста аст. Аммо ба андешаи ман, сабақи омӯзгор низ дар ин самт бағоят нақши калон мебозад. Ҳар як ҳаракати муаллим, оҳанги гуфтор, тарзи талаффуз, ваҷоҳат ва ҳатто қиёфаи ӯ ҳангоми суханронӣ аҳамият пайдо мекунад. Ҳамин тавр, раванди суханвариро ба ду давра – оила ва мактаб ҷудо кардан мумкин аст. Ин ҷо мо давраҳои омӯзиши расмиро дар назар дорем. Дар асл бошад, он то охири умр идома меёбад.

Дар муҳити оила мо, калонсолон, бояд ҳангоми суханронӣ хушгуфтор бошем. Бо суханҳои нарм забони онҳоро ислоҳ кунему дар замирашон завқи суханвариро бедор намоем. Ман худ шоҳид ҳастам, ки фарзандони дар оилаҳои бофарҳангу маданӣ тарбияёфта хушахлоқу сухандонанд. 

Зинаи дувуми суханомӯзӣ, тавре гуфтем, мактаб аст. Кӯдак хеле ҳассос аст. Ба ҳар як ҳаракати муаллим диққат медиҳад ва тақлид мекунад. Бинобар ин, омӯзгор бояд дар муомила, муносибат, муошират бо хонанда хеле мулоҳизакор бошад.

Аз мушоҳидаҳои худ омӯзгоронеро медонам, ки мутаассифона, аз кӯчаи маданияти нутқ нагузаштаанд, дар муомила бо шогирдон дағал буда, ҳатто ба онҳо лақаб мегузоранд. Бехабар аз он, ки лақаби гузоштаи онҳо умре   боқӣ мемонад ва ин, албатта, таъсири бад дорад. Ин тоифаи омӯзгорон «забони адабии тоҷикӣ ихтисоси ман нест», - гуфта, бо лаҳҷа гап мезананд. Мо ҳайрон аз онем, ки китобҳои дарсии фанҳои дигар магар бо лаҳҷа навишта мешаванд?

 

Идимад Иброҳимзода,

омӯзгори мактаби №20, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш