Нашрияи Омӯзгор

Тарғиби ҳунар дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар машғулиятҳои забони модарӣ дар синфҳои поёнӣ аз касбу ҳунар ва пешаҳои гуногун, ки дар байни мардум роиҷ аст, аз сабку усулҳои мухталиф метавон истифода кард. Таври мисол, сохтани ҷумлаҳо дар синфҳои 3-4 доир ба вожаҳое, ки ба ин ё он пешаю ҳунар бахшида шудаанд, яке аз роҳҳои маъмулии корбасти исмҳои касбу ҳунар ба шумор меравад. Омӯзгор хонандагони синфро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунад ва ба онҳо супориши хаттӣ медиҳад. Нахуст, касбу ҳунарҳои мардумиро номбар кунед. Дувум, моҳияти касбҳои «кафшергар», «харрот», «челонгар», «васлкунанда», «гилкор», «хиштрез», «наҷҷор» ва амсоли инҳоро тавзеҳ бидиҳед. Савум, бо исмҳое, ки касбу ҳунарро ифода мекунанд, ҷумлаҳо тартиб дода, хусусиятҳои вижа ва аҳамияти ин ҳунару пешаҳоро баён созед. Мусаллам аст, ки иҷрои ин супоришҳо бе ёрии омӯзгор ва луғатсозӣ хулоса нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, хонандагони ҳар гурӯҳ зуд – зуд номи ҳар касбу пешаро, ки медонанд, баён мекунанд ва бо он ҷумлаҳо месозанд. Масалан: «Падари шоири тавонои тоҷик, шодравон Мирзо Турсунзода устои дуредгар буд. Дуредгарро дар забони тоҷикӣ наҷҷор низ мегӯянд. Яке аз пешаҳои маъмул дар байни мардум солҳои пеш осиёббонӣ ба шумор мерафт. Ҳоло ин исм аҳён – аҳён истифода мешавад, зеро дигар ниёзу зарурат ба осиёбҳои обӣ кам андар кам мондааст. Омӯзгор дар хусуси ҳунарҳои намадмолӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, кафлесу чумчасозӣ, гилкорӣ, досу болға ва арраю тешасозӣ… ба шогирдон маълумоти мухтасар медиҳад. Чунончи, ҳунари харротиро чунин тавзеҳ медиҳад:

«Харрот касест, ки чӯб метарошад ва аз он ҳар гуна асбобу анҷом месозад. Челонгар ба маънии устои асбобҳои майдаи оҳанӣ, яъне оҳангар». Маънии ин вожаҳоро хонандагон дар дафтарашон навишта, дар ёд мегиранд. Ҳунар ё пешаи муъмули дигар дар замонҳои қадим сангиосиёбтарошӣ маҳсуб меёфт. Падари устод Садриддин Айнӣ - Саидмуродхоҷа ба касби сангиосиёбтарошӣ машғул буд. Супориши дигаре, ки ба хонандагон дода мешавад, аз ёд гуфтани порча ё қитъаҳои шеърӣ дар ситоиши ҳунару ҳунармандӣ мебошад.

Истифодаи мафҳумҳо ё исмҳое, ки номи касбу ҳунар месозанд, дар дарсҳои забони модарӣ аҳамияти баланди тарбиявӣ низ доранд. Ба хонандагон фаҳмондани  он маънӣ, ки омӯхтану аз худ кардани ҳунару пеша дар зиндагӣ ба ҳар шахс баҳри пешбурди ҳаёт ва обод кардану тараққӣ додани кишвар басо зарур мебошад, аз фоида холӣ нест. Ҳамчунин, бояд хотирнишон намуд, ки ҳунарманди асил дар байни мардум соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд аст.Баргузор намудани машғулиятҳои тарбиявӣ дар давоми сол дар мавзӯъҳои «Ҳунар – чашмаи зоянда», «Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз», «Кӯш, то халқро ба кор оӣ», «Устои гулдаст мешавам», «Ҳамаи ҳунару пешаҳо хубанд» ва монанди инҳо низ дар тарбияи касбинтихобкунии хонандагон судманд хоҳад буд.

Анорбӣ Аминова,

омӯзгори мактаби №85, ноҳияи Сино 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш