Нашрияи Омӯзгор

Санъати мураққаъ дар ашъори классикон

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Яке аз санъатҳои қадимии миллати тоҷик санъати мураққаъ мебошад, ки имрӯзҳо онро қуроқдӯзӣ мегӯянд. Мураққаъ калимаи арабӣ буда, маънояш «аз порчаҳои матоъҳои гуногун ба ҳам дӯхташуда» мебошад. Ин санъат баъдтар ба номи «қуроқидӯзӣ» ва «қароқидӯзӣ» машҳур гашт, ки ин исм бо лафзи туркист. Калимаи мураққаъ дар эҷодиёти шоирони классики тоҷик, аз қабили Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Заҳири Форёбӣ, Савдо ва дигарон дучор меояд. Дар давраҳои қадим ин ҳунар дар нақшу нигори китобҳо низ истифода мешуд. Аттор мегӯяд:

Дар хусумат омаданду дар  ҷафо,

Ду мураққаъпӯш дар  дорулқазо.

Мураққаъ дар ибтидо ҷомае буд аз матоъҳои гуногун дӯхташуда, ки бештар дарвешону аҳли тасаввуф онро ба бар мекарданд. Саъдии Шерозӣ дар байте чунин овардааст:

Далқат ба чӣ кор ояду тасбеҳу  мураққаъ,

Худро зи амалҳои накуҳида  барӣ дор.

Саъдӣ таъкид менамояд, ки аз пӯшидани  ҷомаҳои (либосҳои) сӯфиёна ва гардондани тасбеҳ натиҷаи кор ба даст намеояд. Беҳтар он аст, ки бо амалҳои нек худро саргарм созӣ. Аз ҷомаи аҳли тасаввуф будани мураққаъ бармеояд, ки ин санъат хеле барвақт, шояд  пеш  аз  ислом  пайдо  шуда  бошад.

Аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар давраҳои қадим ин ҳунар бо номи «қаламарезгӣ» дар гуфтори мардуми ҷануби Тоҷикистони имрӯза маъмул будааст. Ба назар мерасад, ки он баъдан зери таъсири забони арабӣ мураққаъ ном гирифтааст, зеро бо густариши адабиёти ирфонӣ дар асрҳои 13-14 дар эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ ва шоирони дигар ин санъат бо номи мураққаъ дучор меояд. Ҳофизи Шерозӣ дар ашъораш бо истифодаи ин калима фикрҳои худро ба тариқи рамзӣ баён намудааст:

Дар остини мураққаъ пиёла

пинҳон кун,

Ки ҳамчу чашми сӯроҳӣ

замона хунрез аст.

Ҳофизи Шерозӣ, ки аз аҳли тариқат буд, дар замоне зиндагӣ мекард, ки озодона сухан гуфтан барояш душвор буд. Аз ин сабаб, ҳарфи дилашро бештар пардапӯшона баён мекард. Сӯроҳӣ-шишаи май ва чашми сӯроҳӣ-даҳони шиша аст. Шоир замонаи хунрезашро ба чашми сӯроҳӣ (даҳани шиша) ташбеҳ намудааст, ки бояд аз он эҳтиёт намуд. Пинҳон доштани пиёлаи майро зери остин низ ба ин хотир гуфтааст. Ҷои дигар Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:

Ман ин мураққаи пашмина

баҳри он дорам,

Ки зери хирқа кашам май, кас

ин гумон набарад.

Заҳири Форёбӣ дар як байташ сару сурати кабки хушхиромро ба ҷомаи   мураққаъ ташбеҳ намудааст:

Қабули дасти ту бас нест

бозро, ки кунад,

Тамаъ ба кабки  мураққаълибоси

турфахиром.

Санъати мураққаъ то чанд соли пеш қариб аз байн рафта буд. Оҳиста-оҳиста пас аз соҳибистиқлолии кишвар қуроқдӯзӣ вусъат ёфт ва бонувони тоҷик аз он ҷома, дастархон, кӯрпаю кӯрпача медӯхтагӣ шуданд. Имрӯзҳо ин ҳунар миёни занони чирадасти ноҳияи Муъминобод низ чун анъанаи миллӣ эҳё гаштааст, зеро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, заминаҳои мусоид ба ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Абдусамад ҚУРБОНОВ,

роҳбари маҳфили забон ва

адабиёти тоҷики Маркази дарёфт  ва рушди истеъдодҳои шуъбаи  маорифи

ноҳияи Муъминобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш