Нашрияи Омӯзгор

40-соли фаъолияти эҷодии профессор Матлубаи Мирзоюнус

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

Дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 40-солагии эҷодиёту фаъолияти Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Матлубаи Мирзоюнус маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зикр кард, ки профессор Матлубаи Мирзоюнус муаллифи беш аз 300 асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ дар заминаи адабиётшиносӣ, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, нақди адабӣ, равобити адабӣ ва тарҷума, матншиносӣ ва сарчашмашиносӣ мебошад.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода паёми шодбошии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд.

Матлубаи Мирзоюнус узви пайвастаи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи тиллоии Пушкин, Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Шаҳриёр ва даҳҳо ифтихорномаю унвонҳост.

Дар маҳфил ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, нависанда Равшани Махсумзод, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, шоир Озарахш, рӯзноманигор Сурайё Ҳакимова, адабиётшинос Субҳони Аъзамзод баромад намуда, оид ба паҳлуҳои ҳаёт ва эҷодиёти профессор Матлубаи Мирзоюнус андешаҳои хешро баён доштанд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш