Нашрияи Омӯзгор

Ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Барои ин донишҳои географии табиӣ, иқтисодӣ, истеҳсолӣ, геологӣ, мафҳумҳои асосии онҳо ва ғайра аҳамияти барҷаста доранд.

Дар раванди таълими фанни география кӯшиш менамоям, ки ба шогирдонам материаливу объективӣ будани ҳодисаю маводи географӣ, ҳаракат ва инкишофёбӣ, тағйироти миқдорию сифатӣ, ҷои мавод ва дигар ҳодисаҳои муҳими муҳити табииро тавзеҳ бахшам. Бо ин мақсад хонандагонро бо мафҳуми материя ва аз шаклҳои бепоёни маводу ҳодисаҳои мушаххаси табиӣ иборат будани он шинос менамоям. Ба хонандагон фаҳмондан лозим аст, ки кӯҳҳо ва ҷисмҳои кӯҳие, ки онҳоро ташкил медиҳанд, баҳру уқёнусҳо, пиряху дарёҳо, олами набототу ҳайвонот ва ғайра шаклҳои мушаххасу муайяни зоҳиршавии материя мебошанд. Ҳамаи ин мафҳумҳо дорои ҳастӣ буда, барои одамият объектҳое мебошанд, ки фаъолияти илмӣ-амалӣ ва фикрии ӯро тақвият мебахшанд.

Географияи табиӣ барои дарк кардани мафҳуми табиати диалектикӣ - ҳаракат ёрӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ба хонандагон фаҳмонидани мафҳумҳое, чун иқлими табиат доимӣ набуда, тағйирёбанда аст, ҳаракат танҳо ҷойивазкунии ашёҳо набуда, балки умуман, тағйирёбӣ мебошад, ба мақсад мувофиқ аст. Масалан, ҷойивазкунии анбӯҳи ҳаво, ҳаракат ва кори дарё, буғшавӣ ва конденсатсияи об, маҳлулшавӣ ва такшиншавии намакҳо дар баҳру уқёнусҳо, бардошташавӣ ва фурӯравии маҳалҳо, сабзиш ва инкишофи организмҳои зинда ва ғайраҳо намудҳои гуногуни табақаи географӣ мебошанд. Объекту ҳодисаҳои номбурда шаклҳои гуногуни ҳаракатанд, пас, дар табиат оромии мутлақ мавҷуд набуда, ҳаракат хосияти ҷудонашавандаи табиат ва шаклҳои мавҷудияти он мебошанд. Илова бар ин, дар олам табиати беҳаракат ва ҳаракати бе табиат мавҷуд набуда, мафҳумҳо ва донишҳои географиро дар ҳама намуди ҳодисаҳои табиӣ омӯхтан аз эҳтимол берун нест.

Дар дарсҳои географияи табиӣ хонандагонро на танҳо ба омӯхтани ҳаракати табиат дар табақаҳои географӣ, балки бо қонунҳо ва мафҳумҳое, ки манбаи ҳаракату тағйирёбӣ  ва инкишофи он мегарданд, шинос намудан ба максад мувофиқ аст.

Ҳангоми омӯзиши географияи табиӣ, пеш аз ҳама, ба хонандагон табиати ҳодисаҳои географиро фаҳмондан даркор аст, ки ҳар як ҳодиса тарафҳои муқобил дошта, бо мурури замон ҷойи объекту ҳодисаи куҳнаро объекту ҳодисаҳои сифатан нав мегиранд ва дар баробари он объекту ҳодисаҳои сифатан куҳнаро инкор менамоянд. Ба хонандагон шарҳ додан лозим аст, ки мавҷудияти тарафҳои зид дар табақаҳои географӣ имконият медиҳанд, ки ашёву ҳодисаҳои географӣ хубтар шинохта шуда, омӯзиши онҳо нисбатан содатар мешаванд. Масалан, ин ҷо барои тасдиқи фикр ҷараёни океании гарм (голстрим) ва хунук (лабрадо) - ро метавон пешкаши хонандагон кард. Ё ин ки муқоисаи муссонҳои зимистона (хушки бебориш) ва тобистона (намноки боришотӣ) фаҳмиши мафҳумҳои зидро дастрас мегардонад. Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки ба воситаи омӯхтану муқоиса кардани тарафҳои зид ба моҳияти раванди ҳодисаҳо амиқтар сарфаҳм рафта, хосияти онҳо бештар шинохта шаванд.

 

Зуҳро ҒАФОРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш