Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстӣ таърихи 42 сола дорад. Алҳол дар литсейи мазкур 318 хонанда фаъолият дошта, ба онҳо понздаҳ омӯзгор ва шонздаҳ устои таълимӣ дониш ва касбу ҳунар меомӯзонанд.
Директори муассиса Валӣ Мирзоев дар баробари комёбиҳо аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта низ ҳарф зад. Ба хонандагон аз рӯи шаш ихтисос: тракторчӣ – машинисти васеъихтисос, челонгари таъмири автомобил, дӯзанда, барқчӣ, кафшергари барқӣ, муҳосиб бо омӯзиши компютер илму ҳунар омӯзонда мешавад. Шогирдон ҳама аз тариқи буҷавӣ таҳсил менамоянд. Тибқи гуфтаи директори муассиса омӯзишгоҳ аз соли 1979 ба ин бино гузашта, соли 2012 ба литсей табдили ном кардааст. Албатта, пас аз чунин ҳолат мебоист кор ранги дигар мегирифт, аммо... Аввал ин ки литсей аз маркази ноҳия дар фосилаи хеле дур ҷойгир аст ва табиист, ки ин ба давомоти хонандагон таъсири манфӣ мерасонад. Дар таълимгоҳ ҳамагӣ 14 компютер мавҷуд аст, ки ба 16 нафар яктоӣ рост меояд. Мо ба кордонии омӯзгори фанни технология ҳеҷ шубҳае надорем, аммо кӣ кафолат дода метавонад, ки компютерҳо ҳамеша дар ҳолати корӣ қарор дошта бошанд?
Оид ба тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат курсҳои кӯтоҳмуддат аз руйи омӯзиши компютер ташкил карда шудаанд. Ба наздикӣ ин курсро 18 нафар хатм намуд. Шумораи умумии хатмкардаҳои курсҳои кӯтоҳмуддат тайи се моҳи охир 84 нафарро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, як гурӯҳи шартномавӣ бо теъдоди бист нафар (ихтисоси кафшергари барқӣ) кушода шуд. Чунин ташаббусҳо хубанд, зеро ба ин васила имкон пайдо мегардад, то баъзе шикасту рехти литсей аз ҳамин ҳисоб анҷом дода шавад. Дар сурате ки ҳамаи хонандагони литсей ба таври буҷавӣ таҳсил доранд, чунин иқдоми маъмурият саривақтист ва онро бояд идома дод.
Имсол литсейро 152 нафар хатм карданд, ки аз онҳо 26 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи хатмкардагон ҳаждаҳ нафар ба коллеҷҳои ҷумҳурӣ, бисту шаш нафар ба муассисаҳои таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду нафар ба донишгоҳи олии шаҳри Кемеровои Федератсияи Россия дохил шудаанд. Воқеан, литсей барои мустаҳкам гардондани базаи моддӣ – техникии муассиса ҳамкориро бо ташкилотҳои мададрасон ба роҳ мондааст, ки яке аз онҳо ЮНИСЕФ аст. Дар назар дошта шудааст, ки ин ташкилот барои харидани таҷҳизоти техникӣ, ҳамчунин, таъмири кабинети дӯзандагӣ ва таъмини он бо мошинаҳои дарздӯзӣ, таъмири хобгоҳ, китобхона ва харидории тахтаҳои синфӣ кумак мерасонад.
- Тарзи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявист, ки тӯли чанд соли охир аз тарафи хонандагони литсей ягон қонуншиканӣ ва ё даст задан ба ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст, - мегӯяд Валӣ Мирзоев. - Бо либоси ягонаи мактабӣ, бе телефони мобилӣ ва мошинҳои шахсӣ ба таълимгоҳ омадани хонандагон таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Камбудии асосӣ дар литсей суст будани базаи моддӣ – техникист. Тракторҳои «ДТ – 75» - у «Т- 28», «ЮМЗ», «ГАЗ – 53» ҳанӯз аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба мерос монда, табиист, ки хеле фарсуда шудаанд. Акнун замони инкишофи техникаву технологияи нав аст. Омӯхтану идора кардани чунин техника чандон манфиатовар ҳам нест, зеро аз истеҳсолот берун монда истодаанду ба дарди касе намехӯранд. Аз тарафи дигар, тазодро бинед, ки техникаҳои ҳозиразамон нархҳои гарон (125 – 130 ҳазор сомонианд) доранд, ки харидорӣ кардани онҳо барои литсей аз имкон берун аст.
Муовини директор оид ба таълими истеҳсолӣ Юнус Каримов, ки мутахассиси забони русист, аз таълими фан ва таваҷҷуҳи шогирдон ба он чандон қаноатманд нест. Бинобар ин, барои хоҳишмандон дарсҳои иловагии забони русиро ташкил кардаанд, ки бамаврид аст. Дар ин курсҳо савияи луғатдонии бачаҳо, нутқи дурусти шифоҳии онҳо, истилоҳҳои касбӣ зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.
Чунонки директори литсей В. Мирзоев гуфт, ҳоло муассиса бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо 75 фоиз китобҳои дарсӣ таъмин аст. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар мувофиқа бо роҳбарони як қатор мактабҳои пешқадами ноҳия баъзе китобҳоеро, ки намерасанд, барои истифодаи муваққатӣ ба шогирдони литсей дастрас намоянд.
Хобгоҳи литсей низ шароити чандон хуб надорад. Дар он барои шаст нафар имконият фароҳам оварда шудааст, аммо дар он андаке бештар аз чил нафар будубош доранд. Ҳол он ки қариб аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон дар ин ҷо хонандагон таҳсил мекунанд. Пас, онҳо маҷбуранд, ки ба хонаи хешу шиносҳояшон ба таври муваққатӣ маскун гарданд.
Вазъи нигаронкунандаи литсей ислоҳ мехоҳад. Агар мо хоҳем, ки ҳақиқатан ҳам шогирдони соҳибтахассуси вобаста ба бозори меҳнат ҷавобгӯро тайёр намоем, пас бояд аз рӯйи меҳру шафқат ва вазифаҳои дар наз-дамон гузошташуда фаъолият намоем.
Шодӣ Раҷабзод,
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Душанбе – Дӯстӣ – Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр