Ваҳдат. мафҳуми муқаддас буда, асоси бахту саодати инсон ва тинҷию осудагӣ дар олам аст. Оре, маънои аслии ваҳдат-ин ягонагист.
Хушбахтона, барои миллати бошарафи мо маънои аслии ваҳдат шинос аст. Зеро дар таърихии миллатҳои дунё тоҷикон ягона миллатеанд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба ваҳдат ва ягонагӣ шарафёб гардиданд. Оре, замоне буд, ки қувваҳои сиёҳи бадхоҳи миллат мехостанд, миллати моро пароканда ва онро пора-пора созанд. Вале ақли солим ғалаба кард.
Оре, ваҳдат нури Ҳақ аст. Нурест, ки дидаҳоро рӯшан, қалбҳоро шоду масрур мегардонад. Агар истиқлолият неъмате бошад беҳамто, ваҳдатро метавон ҷони он номид. Тинҷию осудагии рӯзгор, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа, ободии диёр ва бунёдкориҳои азим вобаста аст аз ваҳдати комил. Ҷаҳониён имрӯз медонанд, ки Тоҷикистон ба сатҳи баланди таараққиёт расидааст. Парчами ҷумҳурии азизи мо имрӯзҳо дар тамоми гӯшаҳои олам парафшон аст. Ҷилваи он барои мо шинос ва муборак аст. Муқаддасоти дигари мо-Суруди миллӣ, Нишон ва Конститутсия низ аз дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.
Шоир Муҳтарам Ҳотам бисёр бамаврид гуфтааст:
Ҳамдилӣ, ҳамбастагиву
ҳамсадоӣ ваҳдат аст,
Меҳрубонӣ, ғамгусорӣ, ошноӣ
ваҳдат аст.
Ваҳдат аст он, ки ба назм овард
даври коинот,
Ҳаммаромӣ, ҳамравоӣ, ҳамгироӣ
ваҳдат аст...
Мо, сокинони ин мулки куҳанбунёд ҳамеша бояд дар роҳи ҳифзу таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ камари ҳиммат бандем. Панду андарзҳои бузургони худро фаромӯш насозем ва ҳамеша дуо кунем, ки доимо дар сарзамини мо хуршеди ваҳдату саодат дурахшон бошад.
Яке аз вазифаҳои пуршарафи омӯзгорон низ ҳамин аст, ки онҳо дар ҳамбастагӣ бо волидони хонандагон насли наврасро дар рӯҳияи миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва нигаҳдошти маданияти асили ориёӣ тарбият намоянд.
Сайёра НОЗИМОВА,
омӯзгори мактаби №58-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр