Нашрияи Омӯзгор

Роҳбари синфӣ масъулияти бузург аст

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

Нақшаи тарбиявии роҳбари синф ҳуҷҷати муҳимми мактабӣ буда, онро барои тасдиқ ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ пеш аз саршавии соли нави таҳсил ба роҳбари муассисаи таълимӣ пешниҳод мекунад. Нақшаи тарбиявии роҳбари синф бо дарназардошти Консепсияи миллии тарбия, дар асоси нақшаи умумии корҳои тарбиявии муассисаҳои таълимӣ таҳия мегардад. Бояд қайд кард, ки дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ роҳбарони синфҳо нақшаҳои тарбиявии худро дар моҳи сентябр барои тасдиқ пешниҳод мекунанд, ки ин дуруст нест.

 Аз оғози соли хониш бояд роҳбари синф аз рӯи нақшаи тасдиқшуда фаъолият намуда, дар тарбияи хонандагон тамоми ҷабҳаҳои кори тарбиявиро ба назар гирад. Аз ин ҷиҳат роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд нақшаҳои тарбиявии роҳбарони синфро ҳаматарафа таҳлил намуда, баъд тасдиқ намоянд. Бо сабаби он ки нақшаи тарбиявӣ ҳуҷҷати ҳуқуқии муҳимми роҳбари синф аст, барои ба танзим даровардани он талаботи зеринро ба инобат гирифтан зарур аст:

1. Пеш аз ҳама, роҳбари синф ҳадаф ва таҳияи нақшаро ба назар гирифта, фаромӯш накунад, ки ҷиҳати мақсаднокии он ба талаботи имрӯза бояд ҷавобгӯ бошад. Хонандагонро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ сафарбар намуда, иҷрои онҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад.

2. Мундариҷаи корҳои тарбиявии роҳбарони синф бояд гуногун бошад, методҳои рангини тарбияро дарбар гиранд. Мутаассифона, дар бисёр мактабҳо роҳбарони синфҳо дар оғози соли нави таҳсил нақшаҳои тарбиявии худро рӯйбардор намуда, фаромӯш мекунанд, ки муҳит ва фаъолиятти мактабҳо ҳархела буда, яке ба дигаре аз ҷиҳати миқдор, шакл ва таҳсил баробар нест. Хотиррасон бояд кард, ки дар солҳои охир бисёр роҳбарони синфҳо ба назар намегиранд, ки ҳамаи чорабиниҳое, ки онҳо дар нақша ҷой кардаанд, то охири соли хониш бо сабабҳои маълум иҷронашавандаанд. Аз ин хотир бояд нақшаи кори тарбиявиро худашон бо дарназардошти муҳити маҳалла, мактаб, ҳамкории оила таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод намоянд.

3. Дар нақшаи кори тарбиявӣ ҷорӣ намудани тарбияи шаҳрвандии хонандагон бисёр муҳим буда, бояд ҳар як чорабиние, ки ба нақша гирифта мешавад, якдигарро аз ҷиҳати мазмун пурра намуда, алоқаи пай дар пай дошта бошанд.

4. Нақшаи тарбиявӣ бояд асоснок бошад. Дар вақти таҳияи он масъалаҳое ба нақша гирифта шаванд, ки то охири соли хониш бояд иҷро шаванд. Роҳбари синф дар марҳилаи якуми соли таҳсил қисмати «Тарбияи рафоқат ва дӯстӣ»-ро бояд ба нақша гирад, тавре ки мазмуну маҳфуми якдигарро ифода карда тавонанд.

Агар роҳбари синф дар вақти ҷудо намудани ҳар як қисмати кори тарбиявӣ чорабиниҳоеро дар назар гирад, ки барои иҷрои онҳо шароит мавҷуд аст, нақшаи кори тарбиявӣ то охири соли хониш имконпазир мегардад.

 

Шоистамо САИДОВА,

омӯзгори мактаби №69,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш