Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида, дар он сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Он ифодакунандаи ормони мардуми кишвар буда, ба зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст. Дар Паёми Пешвои миллат соҳаи маориф ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар он баҳри рушди соҳаи маороиф нуктаҳои ибратбахш зикр карда мешавад. Дар Паёми Пешвои миллат (22.12.2017) таъкид гардид, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар устодону омӯзгорон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд. Ҳамин аст, ки имрӯз сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ хеле баланд гардида, шароити хуб барои омӯзиш дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иқдомҳои шоистае мебошад, ки баҳри баланд гардонидани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунад. Мо, омӯзгоронро мебояд дар робита ба Паёми Пешвои миллат нақша – чорабиниҳо тартиб дода, дар давоми сол дар дарсҳои тарбиявию чорабиниҳои беруназсинфӣ аз он истифода намоем. Дигар аз масъалаҳои муҳим, ки дар Паём таъкид гардида буд, ин сармояи инсонӣ ва неруи зеҳнӣ дар мамлакат мебошад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сармояи инсонӣ ва неруи зеҳнӣ ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд.
Ин аст, ки имрӯз ба масъалаҳои омӯзиши илмҳои дақиқ насли наврас бештар майл пайдо кардааст. Нуктаи дигаре, ки дар Паём зикр гардид, ин вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани он дар истеҳсолот маҳсуб меёфт. Имрӯз хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами кишвари азизамон - Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Мо, омӯзгорон бо истифода аз паёмҳои Пешвои миллат бояд хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намоем.
Гулбутта Ҷумъаева,
омӯзгори синфҳои
ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр