Нашрияи Омӯзгор

Меҳри китоб

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Рӯзе ба бозор рафтам. Гузорам ба дукони асбобу ашёи хониш афтоду хостам дугонаам Ҳалимаро, ки соҳиби ин дукон буд, ҳолпурсӣ карда гузарам. Ҳамин ки вориди дукон гаштам, дугонаам маро дида, гул-гул шукуфт.

Баъд аз ахволпурсӣ ӯ ба ман хитоб кард:

- Як воқеаи аҷиб шуд,

-Чӣ хел воқеа?-ҳайрон шудам ман.

-Э, напурсед. Ёд доред, вақти мактабхонӣ як китобро ҷустуҷӯ карда, ҳардуямон наёфта ғамгин шуда будем? Муаллим Т.Мӯсоев хонед гуфта, таъйин карда буданд.

-Дар ёдам нест.

-“Шаҳло ва Шифо”

-Эҳа, ба хотирам омад, асари Аминҷон Шукӯҳӣ.

-Бале, ана ҳамонро ман хондам!-хурсандона, гӯё ки як чизи қимматбаҳоеро ёфта бошад, нидо кард ҳамсинфам.

-Чӣ хел, аз куҷо? –пусидам ман.

-Ҳозир, ҳозир ман ба шумо мегӯям. Шумо ҳоло ба ин курсӣ нишаста дам гиред, харидоронро гусел кунам, баъд мегӯям,-курсиро нишон дода гуфт Ҳалима ва сӯи харидорон нигарист...

Ман бошам, чашмам ба онҳою фикрам беихтиёр ба давраи  мактабхонӣ банд шуд. Дар он овон баъди ҳар як чоряк муаллимон ба мо барои хониши беруназсинфӣ китобҳои бадеӣ тавсия медоданд. Аксарияти хонандагон мекӯшиданд, ки онхоро дарёфт карда мутолиа намоянд. Ҳоло ҳам китоби аввалини бадеӣ, ки аз китобхонаи мактаб гирифта хонда будам, пеши назарам ҷилвагар аст, ки он “Писари раис”-и Ф.Муҳаммадиев буд. Онро бо тавсияи муаллимаи забон ва адабиётамон, собиқ директори мактабамон шодравон Саида Бобоева хонда будам. Он вақт дар синфи 4 мехондем. Баъди он ки дар синфи 5 ба мо аз ин фан устод Т. Мӯсоев дарс медоданд, мо дар китобхонӣ боз ҳам фаъолтар гаштем. Хусусан, ману Ҳалима. Дар як ҳафта баъзан 2-3 китоби бадеиро мехондем. Аввалҳо китобдори мактабамон С.Султонов аз зуд баргардондани китоб ба мо бовар накарда, оид ба асари хондашуда савол медоданд. Аз ҷавоби мо қаноатманд шуда, баъд китоби дигар медоданд. Ҳамин тавр, то синфи 10-ум дар китобхонаи мактабамон китобе намонда буд, ки ману Ҳалима нахонда бошем.

Ҳар вақте ки китобдор барои овардани китобҳои нав ба шаҳр мерафтанд, роҳи он касро бесаброна интизор мешудем. Китобдор ҳам баъди омадан аввал суроғ менамуданд:

-Инобату Ҳалима канӣ? Ман китобҳои нав овардам, даррав омада гиранд.

Дар синфи даҳум аз фанни адабиёт эҷодиёти адибони муосирро меомӯхтем. Ҳаёту фаъолияти кадом адиберо, ки устод Т. Мӯсоев мегузаштанду асарҳояшонро номбар мекарданд, аллакай бароямон ошно буд. Ҳардуямон доир ба он асар ба бачаҳо маълумоти иловагӣ медодем.

Ҳамин тавр, меҳри китобхонӣ он чунон ба диламон ҷой гирифта буд, ки поён надошт. Хоҳ дар кӯча, хоҳ дар хона, хоҳ дар сари хӯроку хоҳ дар сари гаҳвораи хоҳару додарамон, хоҳ дар сари оташдон ҳамеша ҳамроҳу ҳамрози мо китоб буд. 

Ҳатто баъзан аз волидонамон гап мешунидем барои ин корамон. Ёд дорам, боре китоби “Зоғҳои бадмур”-и Ҷ.Икромиро мутолиа менамудам. Баъди дарсҳоро тайёр кардан хондани асарро давом додам. Бехабар мондам, ки соат 12 шудааст...

- Ана корамро тамом кардам, - гуфтани Ҳалима маро ба худ овард. Ҳалима ба нақли воқеа оғоз кард.

-Як рӯз вақти бозгашт аз бозор ба таксие савор шудам. Бинам, қафои мошин пур аз китоб. Ман, ки дӯстдори китоб ҳастам, вақти аз мошин фаромадан аз ронанда пурсидам:

-Укоҷон, ҳамин китобҳоятонро аз назар гузаронам, майлаш?

-Бемалолу аммо ман инҳоро харидаам, ба шумо дода наметавонам.

Ман як-як китобҳоро мегирифтаму ба муқоваи онҳо менигарис-там: Ҷ.Икромӣ - “Духтари оташ”, Р.Ҷалил - “Шӯроб”, Ҷ.Одина - “Иншо дар мавзӯи озод” ва даҳҳо китобҳои нодир ва бароям азизу ошно. Ногоҳ яке аз китобҳоро ба даст гирифта фарёд баровардам:

-Оҳ, ин “Шаҳло ва Шифо”-ку!

-Ҳа, хола, тилло ёфтед магар?-ҳайрон шуд ронанда.

-Аз тилло ҳам қиматтар. Ин китобро ба ман мефурӯшед?

-Фақат ҳаминашро?

Ман ҳарисона китобҳоро ҷудо кардан гирифтам. 40-50 китоб шуд. Ронанда ҳам:

-Шуд акнун, холаҷон, ба худам ҳам монад,-гуфт.

Пули китобҳоро ба ронанда додаму онҳоро бо набераҳоям ба хона даровардем. Ҳам хурсанд будаму ҳам хафа. Охир китобҳои боқимондаро “наҷот” дода натавонистам.

Ана, ҳамин тавр, дугонаҷон, қиссаи китоб ёфтани ман. Мана, 38 сол мешавад, ки мо мактабро тамом кардем. Аммо меҳри китоб аз дили ман ҳаргиз намеравад.

Инобат Аюбова,

 омӯзгори мактаби №37-и деҳаи

Вогат, шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш