Нашрияи Омӯзгор

Публитсистикаи С. Мирзораҳматов - муаррифи чеҳраҳои таърихӣ

Сана: 2018-12-24        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси  ҲХДТ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳафтаномаи «Минбари халқ» мизи мудаввар дар мавзӯи «Публитсистикаи С. Мирзораҳматов – муаррифгари чеҳраҳои таърихӣ ва сиёсӣ» ва рӯнамоии китоби тозанашри публитсисти тоҷик Саломуддин Мирзораҳматов – «Кривое зеркало таджикской демократии» («Оинаи каҷнамои демократияи тоҷик») баргузор шуд. Дар оғози ҳамоиш  сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов  ва  роҳбари  Дастгоҳи  КИМ  ҲХДТ Абдураҳмон Хонов   қайд  карданд, ки саҳми муаллиф  ҳамчун  публитсисти  шинохта дар инъикоси чеҳраҳои сиёсии халқи тоҷик мондагор аст.  Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оид ба ҳунари нигорандагии С. Мирзораҳматов ва  аҳамияти асари ӯ «Оинаи каҷнамои демократияи тоҷик», ки бо факту далелҳои муътамад нигошта шуда, чандин симоҳои худхоҳи миллати тоҷикро  дар солҳои навадуми асри бистум  мазаммат намудааст, андешаронӣ кард.  Нависанда ва  публитсисти шинохта  Бахтиёр Муртазоев дар мавзӯи «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва сарнавишти шогирди ӯ Турсун Ӯлҷабоев аз нигоҳи С. Мирзораҳматов», адиб ва драмнавис, сармуҳаррири маҷаллаи «Памир» Ҷумъа  Қуддус дар мавзӯи «Далелҳои таърихӣ дар публитсистикаи С. Мирзораҳматов», сармуҳаррири рӯзномаи «Фараж» Хуршедҷон Ниёзов  дар мавзӯи «Нақши рӯзноманигорони бурунмарзии тоҷик дар рушди журналистика»  маърӯза карданд.

Оид ба мавзӯъҳои матраҳгардида профессор Мурод Муродов,     рӯзноманигорони шинохта  Ҳуринисо Ализода, Шарифи Ҳамдампур,   Шаҳло Акобиров, Сангин Гулов ва дигарон андешаронӣ намуданд.

 

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш