Тоҷикистон натанҳо исми ҷумҳурии мост. Дар системаи офтобӣ бо ин ном ҷирм (астероид)-и хурдакаки осмоние ҳам ҳаст, ки масофаи он аз Замин то кайҳон 250 000 000 километрро ташкил медиҳад. Яъне, ин ҷирми осмонӣ «Тоҷикистон» ном гирифта.
Иттилоъ дода мешавад, ки «Тоҷикистон» байни бурҷи Марс ва Юпитер ҷойгир буда, масофаи он то офтоб 463 000 000 километрро ташкил медиҳад.
Он дар панҷ сол як маротиба дар гирди Офтоб давр мезанад. Айни замон фазои кайҳонии «Тоҷикистон» дар масофаи аз ҳама наздик ба замин ҷойгир аст. Олимони тоҷик алҳол ба омӯхтани имкониятҳои физикӣ-химиявии он камар бастаанд.
Замони Шӯравӣ барои омӯзиши масъалаҳои астрономӣ, аз ҷумла, мушоҳидаи кометаҳо шароити созгор муҳайё буд. Масалан, дар расадхонаи Пулково якчанд стансияи мушоҳидавӣ, дар Арманистон, Кавказ, Помир низ чунин стансияҳо машҳур буданд. Дар ин ҷойҳо астрономи шинохтаи Россия Кирилл Масленников фаъолияти густурда бурдааст. Филми «Дар ҷустуҷӯи расадхонаҳои азёдрафта дар куҳистони Тоҷикистон» маҳсули экспедитсияи анҷомдодаи ӯ мебошад. Дар солҳои 90-уми асри гузашта расадхонаҳо бо сабабҳои маълум солҳо аз назорат дур монда буданд ва акнун нуҷумшиносони тоҷик ба хулосае омаданд, ки онҳоро эҳё карда, филиалҳо бунёд намоянд. Аз ин сабаб астрономи расадхонаи Пулково Кирилл Масленниковро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.
Ташаббускори ин экспедитсия Институти астрофизикаи АИ ҶТ буда, дар ҳамкорӣ бо расадхонаи Пулково фаъолият менамояд.
Макони аз ҳама мувофиқ, ки экспедитсия он ҷо сурат гирифт, «Шорбулоқ» ном дошта, аз маҳалли аҳолинишин 50 км дуртар, дар ҳудуди Помири Шарқӣ воқеъ аст. Бинобар он, стансияро ҳамноми деҳа-стансияи Шорбулоқ номгузорӣ кардаанд.
Бовар ҳаст, ки дар оянда дар ин самт шароити созгор ба вуҷуд оварда шуда, расадхонаҳои бузурги мувофиқ сохта мешавад.
Нигина АХАТОВА,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр