Ташаккулу такомули ҳар як давлату халқиятро маънавиёту маърифати баланди ҷомеа ба вуҷуд меорад. Ҷомеаи аз маънавиёт дур, ноогоҳу ғофил ва ба истилоҳ, беназорат ҳеҷ гоҳ соҳиби пешрафт намегардад.
Ин гуна ҷомеаҳо барои ғосибону сиёсатҳои таҳмилӣ як луқмаи осону дастрас мебошанд, ки мо инро дар мисоли баъзе аз кишварҳои шарқии арабӣ дида истодаем. Борҳо аз забони Пешвои миллатамон ибораи “ҳушёрии сиёсӣ”-ро шунидаем, ки гумон мекунем, чун як хитобу даъват барои тамоми аҳли ҷомеа нигаронида шудааст. Махсусан, барои омӯзгорони макотиби миёна ин як дастурест, ки аз он ҳар лаҳза бояд дар тарбияи ҷавонону наврасон истифода кунанд. Яке аз омилҳои меҳварии рушди маънавиёти ҳамагуна ҷомеа ин мутолиаи васеъ мебошад. Фарҳангу адабиёти тоҷик хазинаи бою пурмазмунеро соҳиб аст, ки набояд аз он дар фосила қарор гирифт. Дуруст аст, ки асри равон ҷараёни пуршиддати техникаву технологияи иртиботиву ахбориро фаро гирифтааст. Имрӯз интернет ба ҳаёти ҷомеа ба таври густурда ворид гаштааст. Ба он ниёз дорем ва бисёр душвориҳои моро дар роҳи ҷустуҷӯву огаҳиҳо осон намуд. Аммо таассуф он аст, ки интернет дар баробари паҳлуҳои мусбат паҳлуҳои манфӣ низ дорад. Интернет дар навбати аввал мутолиаро аз байн бурда истодааст ва ин раванд дар ҳаёти ҷавонони имрӯза бештар мушоҳида мешавад. Мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки дар сурати оқилона истифода набурдани интернет, он омили барҳамзанандаи худшиносиву ҷаҳонбинӣ мегардад. Дар баробари кор бо интернет мутолиаи асарҳои насрии асри гузашта ҳеҷ гоҳ аз манфиат холӣ нест ва ҳатто бартар аз машғулият бо интернет мебошад. Имрӯз барои мо таассуфовар аст, ки аксари ҷавонону наврасони мо натанҳо асарҳоро намехонанд, балки аз мавҷудияти онҳо дарак надоранд. Масалан, асарҳои осонфаҳму саршори маъниву маромҳои устод Айниро на ҳама ҷавонони имрӯзаи мо мутолиа менамоянд. Дар гузаштаи начандон дур ҷавони тоҷик аз “Ятим”, “Дохунда”, “Одина”, “Ёддоштҳо” ва дигар асарҳои устод Айнӣ забони ноби тоҷикро меомӯхт. Аз гузаштаи худ, урфу одат, фарҳангу маънавиёт ва ботини мусбату манфии инсонҳо огаҳ мегардид. Имрӯз “Ривояти суғдӣ”, “Восеъ”, “Фирдавсӣ”, “Субҳи ҷавонии мо” ва дигар асарҳои пурмазмуни С.Улуғзода барои аксар ҷавону навраси мо як олами норавшану кашфношуда боқӣ мондааст. Ба таври ҳатмӣ асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутолиаи васеъ пешниҳод бояд гарданд. Зеро дар ҳамаи он асарҳо худшиносии миллӣ матраҳ аст. Масалан, асари маълуми Пешвои миллат - «Забони миллат – ҳастии миллат» бо шаш боби фарогири он ба хонанда роҳнамоии амиқро дар самтҳои муайян ба вуҷуд меорад ва ӯро аз бисёр паҳлӯҳои гузаштаи иҷтимоиву фарҳангиямон огаҳ месозад. Ин асар барои донишҷӯву муҳаққиқ, фарҳангшиносу адиб, коршиносу рӯзноманигор ва наврасу ҷавон огаҳиҳои амиқеро дар шинохти ҳувияти миллӣ ба вуҷуд меорад. Қимату арзиши асари дигари Пешвои миллат - «Чеҳраҳои мондагор» низ роҳнамоӣ менамояд, ки дар замони истиқлол мо бояд ба кадом паҳлӯҳо ва ҷабҳаҳо назар дошта бошем. Асари мазкур моҳияти баланди оммавӣ дорад ва дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ва маърӯзаву суханрониҳои Пешвои миллат мураттаб гардидааст, ки чун як дастури баланд гардидани ҷаҳонбинии инсонҳо ба ҷомеа натанҳо имрӯз, балки асрҳо хидмат менамояд.
Аз ҳамин ҷиҳат ҳар як омӯзгори имрӯза бояд бо истифода аз имкони вақт наврасону ҷавононро водор намоянд, ки рӯ ба мутолиаи асарҳои таърихиву бадеӣ оранд.
Қ.САЪДУЛЛО,
омӯзгори забон ва
адабиёти гимназияи хусусии «Тоҷикистон»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр