Дар Ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Роштқалъа коргоҳи хурди бофандагию ресандагӣ кушода шуд.
Муассиси коргоҳ раёсати ҷавонон ва варзиши ВМКБ буда, дар марҳалаи аввал коргоҳро бо ашёи хом таъмин мекунад. Бо қавӣ шудани истеҳсолот коргоҳ мустақилона маҳсулоти пашмиро аз аҳолии деҳот, ки як пешаи асосиаш чорводорӣ аст, мехарад.
Муовини раиси раёсати ҷавонон ва варзиши ВМКБ Сураҷ Чоршанбиев изҳор намуд, ки чунин коргоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят таъсис дода шуда, ин иқдом дар дигар нуқтаҳои аҳолинишини вилоят низ идома дода мешавад.
Раиси Ҷамоати деҳоти Тусён Манзура Раҷаббекова ифтитоҳи корхонаро дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фоли нек арзёбӣ намуд.
- Тасмим гирифтем, ки бо дастгирии устодони касбӣ нозукиҳои ҳунарҳои коркарди пашм, рангуборкунӣ, ресидану бофтани маҳсулот аз мӯйинаю пашмро ба толибилмони мактаб омӯзем, - гуфт зимни суҳбат С.Чоршанбиев.
Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр