Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд.
Дар ҳақиқат, об аз ҷумлаи бузургтарин неъмати моддӣ ва омили бақои тамоми мавҷудоти зинда мебошад.Агар дар маҷмӯъ мо аҳамият ва вазифаҳои асосии обро барои инсоният арзёбӣ намоем, зиёда аз 36 намуди аҳамияти об маълум аст. Онҳое, ки кӯҳу пуштаҳоро шикофта ба дашту биёбонҳо об меоварданд, чун Фарҳоди кӯҳкан абадзинда мемонданд. Ташнаро об додан волотарин хизматест, ки инсон баҳри инсон ба ҷо меоварад. Ин амали воҷибро Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён натанҳо талқин намуданд, балки дар ҳаёт амалӣ сохтанд. Бо вуҷуди аҳамияти бузургу беохир доштани об муносибати инсон нисбат ба ин ганҷи бебаҳо мувофиқи мақсад нест. Дар давоми садсолаҳои охир вобаста ба зиёд шудани аҳолӣ эҳтиёҷ ба об ҳам ду баробар афзуд. Агар муқаррароти танзими об дигар карда нашавад, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии замин аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ҳоло шашяки аҳолии замин аз оби ошомиданӣ камбудӣ дорад. Сеяки мардум аз оби эҳтиёҷи рӯзгор маҳрум аст. Дар ҷаҳон дар 8 сония кӯдаке аз беобӣ бемор мешавад ё мефавтад. Дар қатъномаи СММ зикр шудааст, ки об қувваи ҳаракатдиҳанда барои равнақи устувор ва рафти нодорию гуруснагӣ дар олам аст. Бо ин мақсад вазифаи даҳсола-равнақи минбаъдаи ҳамкориҳои байналхалқӣ барои ҳалли проблемаҳои муҳими вобаста ба об, муваффақ гаштан ба комёбӣ дар тақсими захираҳои об мебошад, ки он аз мазмуни эъломияи ҳазорсола бармеояд. Ба гуфти муовини котиби генералии СММ: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббусаш дарро барои ҳалли масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи захираҳои об васеъ кушод, ки он минбаъд чун қувваи ҳаракатдиҳандаи рушди устувор дар рафъи камбизоатӣ хизмат мекунад».
Тоҷикистон истифодаи оби мусаффои нӯшидании кӯли Сарезро чун яке аз тадбирҳои ҳаллу фасли масъалаҳои таъмини об ва беҳдошт пешниҳод намуд. Ҳаҷми захираҳои оби ин кӯл зиёда аз 17 миллиард метри мукааб буда, онро метавон барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти миллионҳо сокини минтақа истифода бурд. Кӯл метавонад Осиёи Марказиро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд. Президенти Тоҷикистон зикр намуданд, ки Сарез ба мисли гавҳарест, ки онро ҳифз кардан лозим аст. Соли 1997 якумин Конфронси баиналмилалӣ оиди масоили кӯли Сарез баргузор шуд, ки дар он тасмим гирифтанд, ба чомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар хусуси амнияти кӯл муроҷиат намоянд. 23 майи соли 2007 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми баиналмилалӣ роҷеъ ба масоили кӯли Сарез доир гардид.
Проблемаи дигар ин хушкидани баҳри Арал мебошад, ки таъсири ногувори он то ба Тоҷикистон ҳам расидааст. Аз нисф зиёди баҳр хушкида, биёбони калони қумзореро дар соҳилҳояш боқӣ мондааст. Ин, албатта, ба муҳити экологӣ таъсири бад мерасонад. Тӯфону шамолҳои сахт чангу реги шӯрро ба хаво хезонда, минтақаи бузургеро фаро мегирад. Олимон ба хулосае омаданд, ки сабаби обшавии пиряхҳо ҳам ҳамин аст.
Ҷаҳон Тоҷикистон ва сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо иқдомҳои наҷибонаашон шинохт. Аслан, бо шунидани ташаббусҳо ва пешниҳодҳои ҷасуронаи Президенти мо оламиён гумон мекарданд, ки мо аз об танқисӣ мекашем. Лекин вақте намояндагони беш аз 50 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ба форуми душанбегии об омада, захираҳои фаровони оби моро диданд, ба хиради азалӣ ва фарҳанги баланди мардуми мо ва ҷавонмардии Эмомалӣ Раҳмон қоил шуданд.
Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруфи зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳамчунин, пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад. Дар робита ба масоили ҳалталаби обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд”.
Асомуддин Азизов,
омӯзгори калони кафедраи
фанҳои гуманитарӣ, рушди
маҳал ва сайёҳии ДДД
Иловакунӣ
Иловакунии фикр