Об нахустманбаи пайдоиши ҳамаи мавҷудоти зинда ва неруи бунёдниҳандаи олам дониста шуда, фалсафаи ҳастӣ низ дар он ифода ёфтааст.
Мавҷуд будани об пеш аз офариниши Коиноту Замин дониста шуда, дар фазо набзи ҳастӣ, ҳаётбахш ва нерубахшанда барои кулли мавҷудоти зиндаи олам шуморида мешавад. Илми муосир низ обро ҷузъи универсалии олам, муайянкунандаи таркиб ва хосияти ашёи бешумори табиати зинда ва ғайризинда донистааст. Об дар фазо дар ҳаракати ҳамешагӣ қарор дошта, аз ибтидои офариниш, имрӯз ва то интиҳои олам, ба мисли вақт дар беохирӣ ва абадият ҷой хоҳад дошт. Об мисли вақт хосияти барнагардандагӣ дорад ва ин мантиқан низ дуруст аст, ки«гузашти умр»-и инсон мисли оби равон бебозгашт аст. Пас, инсон бояд ҳар лаҳзаи ҳаёти хешро дар вақти тезгузар ғанимат донад ва онро пурсамар гузаронад.
Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки мазмуни обро бифаҳмем, ба он чун намунаи беназир, ба дарки ашёву ҳаводиси олам ва шинохти зоти одам ва рисолаташ беҳтар расем. Ин нахустасл табиатан аз таркиби ҷисм ҷудо набуда, ҳама тағйирпазирии ҷисм аз он вобастагӣ дорад.
Дар фарҳанги ҷаҳонӣ, аз ҷумла, расму оинҳо, дину мазоҳиби гуногун об неъмати бузурги илоҳӣ ва асли ҳаёт, рамзи олии покӣ ва тозасозӣ, рӯҳбахшиву шифобахшӣ, унсури муқаддас номида шуда, бо дигар суханҳои волотарин тавсиф шудааст. Дар дини мубини Ислом об - рамзи ҳаёт, покӣ, тозасозӣ, неру ҳисобида мешавад.
Ҳама чиз пеши садди ҷиддӣ бозмеистад, вале обро ҳамчун «олиҳаи» басо зебо, ба сифат «нозанини латифу заиф», нафистарин унсури олам зиёд ном мебаранд.
Об вобаста ба манбаъҳои гуногуни ҷойгиршавиаш дар табиат, хосиятҳои фарқшаванда дорад. Новобаста аз ин, одамон обҳои дар шакли ҷӯйборҳо, дарёҳо ва рӯдҳо ҷориро шабеҳ ба рагҳои хунгард ва ба Замин ҳаётбахш медонанд. Об дар осмону замин, дар таркиби тамоми ҷисмҳо вуҷуд дорад. Об симои табиатро дигаргун ва шигифтангез месозад, ба кадом самте ҷорӣ бошад, атрофаш ҳатмӣ сарсабзу гулпӯш мешавад. Одамон ҳамеша аз паси ин муъҷизаи офаридаи Худованд мераванд, бо он зебоӣ меофаранд, созандагӣ мекунанд, онро меситоянд.
Об асли ҳаёт эътироф шуда, дар ВМКБ оби чашмаҳо муқаддас, шифодиҳандаи ҷисму рӯҳи шахс байни мардум машҳуранд.
Мардуми кӯҳистони Бадахшон «оби равонро ҳалол» ва зинда меноманд ва онро ифлос кардан, ба он партофтани ҳамагуна ифлосиҳо, ба самташ рӯфтан ё равон намудани хокрӯбаҳо ва дигар амалҳои нопок раво дидан, аз азимтарин гуноҳҳо дониста мешаванд.
Об дар шахс фазилат, илм, қобилият, муоширату қабул доштани ҳамсуҳбат ва қудрати шинохтанро бедор намуда, шакл медиҳад. Ба қавли шоири нотакрори миллат Лоиқ Шералӣ: «…Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз, ки фардо хушк хоҳанд шуд». Пас, инсон дар ҳамагуна ҳолатҳои муносибат бо об, бояд аз андешаву амалҳои нохуб дурӣ биҷӯяд ва фарҳанги волои истифодаи обро биомӯзаду риоя намояд.
Бухоршавии оби уқёнусҳо, кӯлҳо ва дарёҳо қисмати ҳаётбахши муҳити зистро ба вуҷуд оварда, хушкӣ ҳавои рутубатнокро боз ба уқёнусҳо бармегардонад. Об ҳаракати гирдгардон ва рушди олами зиндаро дар унсурҳои офариниши он таъмин намуда истода, хосияти баланди гармиғунҷоиш дошта, дараҷаи муайяни ҳарорати олами ҳастӣ, ҳаракати мавсимии сол ва шабу рӯзро танзим мегардонад. Ҳаракати зарравии об аз поён ба боло, бо таъмингардонии намнокии хок ва то бухор шудан аз қабати хок махсусияти дигари об аст.
Олимон собит кардаанд, ки асоси ҳуҷайравии инсон (беш аз 70%) ва нутфаи он низ аз об аст ва (97%)-и он инкишофи ҷисмро таъмин мекунад. Об ба ҳуҷайраҳои ҷисм ғизоҳои лозимӣ, витаминҳо, намакҳо ва ҳаворо расонида, зинда буданашро таъмин мекунад. Об ғизоро дар ҷисм ба қувва табдил дода, ҳарорати муътадили бадан ва нафаскаширо танзим мекунад.
Афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ, ки тибқи пешгӯиҳо то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил медиҳад, омили асосӣ дар афзуншавии навъҳои талаботи шахс ва ҷомеа ба об гардида, меъёри истифодабарии он мунтазам зиёд мешавад. Таъмин ва истифодаи прогресси илму технологияи мураккаб дар раванди рушди суръатнок ба тағйирпазирии иқлими сайёра, аз ҷумла, бисёр об шудани пиряхҳо оварда истодааст. Раванди тағйирпазирии муҳити зист, аз ҷумла, пеш омадани хушксолиҳо, обхезиҳои шадид, ё худ вайроншавии табиати худиинсонниз мушкилоти глобалии замони муосир дониста шуда, бо об алоқамандӣ доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кӯлу чашмаҳо аз кӯҳсори сербарфу пиряхҳои бузург ибтидо гирифта, обашон поку ширин ва табобатӣ мебошад. Зиёда аз 60 фисади оби ҳамсоякишварҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гирифта, манбаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии онҳо мебошанд. Дар ин воқеият миллати тоҷикро хушбахт метавон номид.
Ғарибшо Ғарибшоев,
директори филиали
ДҶТИБКСМ дар ВМКБ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр