Чанд сол мешавад, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ворид ва дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Ин низом имкон медиҳад, ки донишҷӯёни беҳтарин барои густариш бахшидани илм таҳсилро идома диҳанд.
Тибқи ин низом баъди хатми зинаи бакалавриат он нафароне, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, барои идомаи таҳсил ба зинаи магистратура тавсия дода мешаванд. Онҳо дар давраи таҳсил дар магистратура ба корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ машғул шуда, дар ин самт қадамҳои устувор мегузоранд. Рисолаи магистрӣ аз корҳоест, ки дар давоми 2 соли таҳсил магистр анҷом медиҳад. Аммо масъалаи асосӣ дар ин самт сатҳу сифати корҳои анҷомдодаи онҳо маҳсуб меёбад. Дар масъалаи таълифи корҳои магистрӣ ҳанӯз баъзе камбудиҳо дар муассисаҳои олии касбии кишвар ба чашм мерасад. Бояд гуфт, ки рисолаҳои магистрӣ мувофиқи номгӯи мавзӯъҳои намунавӣ ҳамасола дар кафедраҳо таҳияву таҷдиди назар ва аз ҷониби Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд. Аксари мавзӯъҳои рисолаҳои магистрӣ рӯзмарра буда, самти илмию амалӣ, вазъи муосир ва пешомади рушди илм, паҳлуҳои гуногуни рушди илму техника ва технологияро фаро гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки зимни таҳлили рисолаҳои магистрӣдар баъзе аз мактабҳои олӣ ғалатҳои имлоию грамматикӣ ва услубӣ ба назар мерасад. Инчунин, рӯйхати адабиёт ва ҳаҷми рисола, мубрамият ва дараҷаи омӯзиши мавзӯъ, навгонӣ, манбаъҳои назариявӣ қайд нашудааст. Ҳангоми тафтиш ба баъзе аз рисолаҳое дучор омадем, ки аз 33 саҳифа иборат буда, дар он аз 8 адабиёт истифода шудааст. Рисолаҳо хулоса надоранд, бобҳо ҳамчун параграф (фасл) нишон дода нашудаанд. Дар қисме аз мактабҳои олӣ раванди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ мувофиқи мақсад амалӣ мегардад, ки ин боиси дастгирист. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҳаҷми рисолаҳо мувофиқи меъёранд, адабиёт дуруст истифода гардидааст. Ғалатҳои грамматикиву услубӣ кам ба назар мерасанд
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино рисолаҳо мувофиқи талаботи Низомнома роҳандозӣ гардида, мавзӯъҳои умда ва рӯзмарра барои омӯзишу таҳқиқ пешниҳод гардидаанд. Дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон корҳои илмӣ - магистрӣ тибқи низомнома амалӣ гардида, мавзӯъҳо аз ҷиҳати илмӣ таҳлилу баррасӣ шудаанд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар зинаи магистратура ҳамагӣ 96 нафар магистрант дар курсҳои 1- ум ва 2- юм таҳсил мекунанд, ки ҳамаи онҳо ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ҷалб гардида буданд. Соли ҷорӣ аз 44 нафар хатмкунандаи зинаи магистратура 43 нафарашон корҳои баанҷомрасидаи худро ҳимоя намуданд. Танҳо як нафар аз сабаби иштирок надоштан дар имтиҳон натавонист, ки кори илмии худро дифоъ намояд. Дар донишкадаи мазкур магистрантон ҳамасола аз рӯйи мавзӯъҳои илмиашон дар маҷаллаи махсуси илмии муассиса бо номи “Масъалаҳои мубрами филология” мақолаҳо ба нашр мерасонанд.
Бояд гуфт, ки магистрантон дар давоми таҳсил дар магистрантура ба навиштани мақолаи илмӣ қадамҳои устувору ҷиддӣ мегузоранд ва ин зинаи таҳсил дар омода кардани онҳо ҳамчун муҳаққиқ заминаи воқеӣ бояд фароҳам орад. Яъне, онҳо бояд тарзи навиштани рисолаву мақолаҳои илмиро азхуд намоянд, то ҳангоми таҳсил дар докторантура ба мушкилӣ дучор наоянд.
Дигар масъалаи ташвишовар он аст, ки дар баъзе аз рисолаҳои ба талабот ҷавобгӯ набуда, рӯйхати адабиёт ва иқтибоси илмӣ оварда нашудааст. Боиси таассуф аст, ки ҳамин гуна пажӯҳишро ҳамчун рисола қабул намудаанд. Имрӯз олимону муҳаққиқон ба он мавзӯъҳое бояд таваҷҷуҳ кунанд, ки ба рушди иқтисодӣ кишвар мусоидат намоянд. Навиштани рисолаи магистрӣ қадами ҷиддӣ ва устуворест, дар ҷодаи таҳқиқи илмӣ ва он барои камол ёфтани пажӯҳишгарон ҳамчун олим мусоидат мекунад. Бинобар ин, ба роҳбарони магистрантон ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳамчунин, баъзе рисолаҳои магистрӣ барои ҳимоя тақриз надоранд. Ё ин ки моҳияти тақризҳои пешниҳодгардида якранг буда, бо баён намудани номи рисола ва муаллифи он тағйир намеёбад ва он тақриз ба чанд нафар пешниҳод гардидааст. Ҳатто дар баъзе аз тақризҳои пешниҳодгардида хатоҳои зиёди имлоию грамматикӣ ба назар мерасад, ки ин ҳама аз бетаваҷҷуҳию хунукназарии масъулин шаҳодат медиҳад.
Гарчанде ҳолати рисолаҳои магистрӣ дар аксари мактабҳои олӣ хуб ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале ҳанӯз мушкилоти фавқуззикр монеи рушди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ мегарданд.
Бинобар ин, роҳбарони корҳои магистриро мебояд, ки масъалаҳои ҳалли мавзӯъ, проблемагузории илмӣ, овардани иқтибосҳо, ороишоти техникӣ ва ғалатҳои имлоии магистрантонро вобаста ба тарзи дурусти истифода ва навиштани рисолаи магистрӣ шарҳу тавзеҳи ҳамаҷониба диҳанд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо мақсади такрор нашудани мавзӯъҳо ва интихоби дурусти онҳо ба талаботи замон махзани ягонаи рисолаҳо таъсис дода шавад. Инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои шаффофияти корҳои магистрӣ рисоларо аз барномаи антиплагиат гузаронидан амри воқеист. Дар назди раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои талаботи низомномаҳо доир ба корҳои магистрӣ таъсиси шуъбаи назорати рисолаҳои магистрӣ дар беҳтар гаштани сатҳу сифат ва муҳтавои рисолаҳо мусоидат мекунад.
Шаҳло Тоҳириён,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр