Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Иқдоми хуштарин дар ин бахш эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дарвоқеъ, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи давлатҳои олам нишон медиҳад, ки аз ин соҳа самаранок истифода ҳам мебаранд. Тибқи маълумот дар мамлакатҳое, ки табиати нотакрор доранд, бахши сайёҳӣ дар зинаи аввал меистад. Масалан, Коста-Рика 30 % - и қаламрави худро минтақаи сайёҳӣ эълон намудааст. Дар ин мамлакат ин бахш яке аз соҳаҳои даромаднок буда, дар як сол маблағи он ба 650 млн доллар мерасад. Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ сайёҳии экологӣ ҷои дуюмро баъди ба даст овардани алмос ва дар Аляска ҷой дуюмро баъди истихроҷи нафт ишғол мекунад. Даромади ҳарсолаи Кения аз истифодабарии паркҳои миллӣ ба 450 млн доллар мерасад.
Тоҷикистон кишварест, ки мавзеъҳои табии зиёде дораду ҳар кадом ба таври хос таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб мекунад. Кӯлҳо, мамнуъгоҳҳои табиӣ, боғҳои миллӣ, чашмаҳо, обҳои шифобахш, дарёҳо, ҷангалҳо, манзараҳои табиӣ, ҳайвоноту растаниҳои нодир ва ғайраҳо, ки дар иқлими басо мувофиқи кишварамон ҷойгир шудаанд, як маҷмаи зебою нодири таърихиро мемонанд.
Боиси хушнудист, ки ҳамаи ин ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат мекунад ва сол аз сол зиёд шудани миқдори сайёҳони хориҷӣ далолатгари ин гуфтаҳо низ ҳаст. Вале дар ин раванд бояд таваҷҷуҳ ба бахши сайёҳии дохилӣ низ бештар равона гардад, то сокинони кишварамон тавонанд аз тамошои мавзеъҳои зебои мамлакат баҳравар гарданд.
Ҷиҳати зиёд намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба манзараҳои зебои табиати кишвар метавон аз дарсҳои тарбиявӣ ва машғулиятҳои иловагӣ истифода бурд. Ин амал дар баробари зиёд намудани завқи зебоипарастии хонандагон ба тарбияи ватандӯстии онҳо низ мусоидат мекунад. Дар ин раванд истифодаи технологияи муосир ва интернет ҳам барои кори омӯзгорон ва ҳам барои шогирдон метавонад мададрасон шавад. Имрӯз сомонаҳои зиёди интернетӣ дар бораи ин ё он мавзеи сайёҳии кишвар таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо дар бораи ҳар кадом мавзеъ шарҳи муфассал ё мухтасар, аксҳо ва наворҳои видеоиро дидан мумкин аст.
Чаро мо маҳз ба саёҳати дохилӣ рӯ овардем? Аввалан, доштани маълумот дар бораи мавзеъҳои зебои кишвар барои шаҳрвандон аз манфиат холӣ нест. Сониян, таҷрибаи кишварҳои олам нишон медиҳад, ки бо фароҳам овардани шароитҳо барои сайёҳии дохилӣ имкони бештари рушди соҳа пайдо мешавад. Дар ин кор танҳо баъзе аз ҷузъиётро ҷиҳати сафар ба ин ё он мавзеъ ба шаҳрвандони кишварамон осон намуд. Ҳамзамон, дар ин самт огоҳии насли наврас аз гӯшаҳои зебоманзари кишварамон метавонад дар оянда ба рушди ин самт таҳким бахшад. Вақте наврасон аз мавҷудияти чунин мавзеъҳои зебою таърихӣ огоҳ мешаванд, ҳатман ҳаваси тамошои он пайдо мешавад. Ин як замина ба рушди сайёҳии кишвар дар солҳои минбаъда аст.
Шукрона ҒАНИЕВА,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
мактаби № 8,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр