Чанде қабл дар толори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Восеъ ҷамъомади тантанавӣ ва намоиши корҳои эҷодии маҳфилҳои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор шуд. Дар намоишгоҳ асарҳои рассомон, мусаввараҳои сохташуда, расмҳои бо техникаи гуногун эҷодшуда, ки лаҳзаҳои гуногуни ҳаётро тасвир мекунанд, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Инчунин, намунаҳои либоси имрӯзаи миллӣ, корҳои эҷодии омӯзгорон ва дастпарварони муассиса муаррифӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар маркази таҳсилоти иловагии ноҳия 43 маҳфили дизайн, санъати тасвирӣ, кадбону, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, техникӣ, тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бо ҷалби 840 нафар хонанда фаъолият дорад.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр