Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия барои дар саҳти баланд гузаронидани мавсими зимистони соли 2018-2019 корҳои зиёдеро ба сомон расонданд. Тавре мудири шуъбаи маориф Олимҷон Табаров иброз дошт:
- Аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола барои харидорӣ намудани 80 тонна ангишт, 2420 куб ҳезум ва 2600 литр сӯзишвории дизелӣ 318 ҳазору 212 сомонӣ пешбинӣ гардида буд. То ба имрӯз 80 тонна ангишт (100 %), 2420 куб (100 %) ҳезум ва 2600 литр (100 %) сӯзишвории дизелӣ харидорӣ гардида, дар анборҳои муассисаҳои таълимии ноҳия захира карда шуд. Барои гарм кардани синфхонаҳои таълимӣ 289 гармидиҳандаи барқӣ, 420 адад печи аловӣ ва 12 адад генератори барқӣ мавриди истифода қарор доранд. Бояд қайд намуд, ки 60 тонна захираи ангишт ва 209 куб ҳезум аз солҳои гузашта дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ нигоҳ дошта шудааст.
Бо мақсади аз наздик шинос шудан ба ҳолати зимистонгузаронӣ аз чанд муассисаи таълимиро дидем. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар деҳаи Боғиҳабиби Ҷамоати деҳоти Балхобӣ воқеъ гардидааст. Ҳангоми аз назаргузаронӣ синфхонаҳо гарм ва тозаю озода буданд. Директори мактаб С. Давлатов иброз дошт, ки дар муассиса 532 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муассиса барои зимистонгузаронӣ бо 8 адад печи барқӣ ва 18 адад печи аловӣ таъмин мебошад. Тирезаҳои синфхонаҳо пурра шишабандӣ шудаанд. Ҳолати ташвишовар дар мактаб ин аст, ки боми ҳезумхона пурра мечакад ва ҳезуми захира зери борон мондааст. Рафти зимистонгузаронӣ дар муассисаи таълимии №39-и деҳаи Туто хуб ба роҳ монда шуда, дар мактаби номбурда 768 нафар хонанда таҳсил дорад. Директори мактаб Д. Абдуллоев иброз дошт, ки ҳезумро аз майдончаи боғи мактаб захира кардаанд. Дар ҳақиқат, дар анборҳои мактаб 20 куб ҳезум ва 5 тонна ангишт ҷой карда шудааст.
Дар гимназияи давлатии «Боғи ҳабиб»-и деҳаи Боғиҳабиб вазъи хуби зимистонгузаронӣ ҳукумфармост.Гимназияи мазкур дар Ҷамоати деҳоти Балхобӣ ягона муассисаи таълимии типи нав ба шумор рафта, дар он 224 нафар хонанда дар ду баст мехонанд, ки ба онҳо 28 нафар омӯзгори соҳибмаълумот таълиму тарбия медиҳанд. Ҷиҳати зимистонгузаронӣ тибқи нақша 600 кг ангишт ва 44 куб ҳезум ва 40 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар муассисаи мазкур 14 адад бухории аловӣ, 22 гармидиҳандаи барқӣ ва 3 генератори барқдиҳанда омодаи истифодаанд. Бояд қайд намуд, ки маъмурияти мактаб бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманд толори варзишӣ, синфхонаҳои физика, химия ва биологияро аз таъмир бароварда, тамоми тирезаҳои чӯбини бинои мактабро бо тирезаҳои пластикӣ иваз кардаанд.
Дар ноҳияи Восеъ омодагӣ ба зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия нисбат ба солҳои гузашта хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар шуъбаи маорифи ноҳия ситоди махсуси зимистонгузаронӣ таъсис дода шуда, вазъи ҳамарӯзаи муассисаҳои таълимии ноҳия зери назорат қарор доранд. Зимни суҳбат корманди шуъбаи маориф Р. Солиҳов иброз намуд, ки барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли хониши 2018-2019 аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 202 ҳазору 60 сомонӣ маблағ ҷиҳати харидорӣ намудани 693 тонна ангишт, 1285 куб ҳезум ва 4300 литр сӯзишвории дизелӣ масраф гардидааст, ки ин иҷрои нақшаи солонаро 100% таъмин мекунад. Ҳамчунин, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо 250 метри мураббаъ тирезаҳои синфхонаҳо шишабандӣ карда шуда, бо 51 адад генератори барқӣ, 324 адад гармкунаки барқӣ, 987 печи аловӣ ва 6 деги буғӣ таъмин аст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр